Ғорат намудани телефонҳои мобилӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 59-солаи сокини кӯчаи Гипроземи пойтахт муроҷиат намудааст, ки рӯзи 1-уми июни соли 2018, тахминан соати 06:00-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ назди бинои Сирк қарор доштанаш шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ ҷувздонаш, ки дар дохилаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Алкател” ва шиносномааш буд, тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 400-сомониро ташкил медиҳад. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 13-солаи сокини шаҳри Турсунзода, хонандаи синфи 6-уми МТМУ, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор зани 27-солаи сокини деҳаи Оқули шаҳри Ҳисор бо ариза муроҷиат намудааст, ки санаи 25-уми майи соли 2018, тахминан соати 15:00-дақиқа, марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сайёд дар роҳрави деҳаашон бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”, ки арзишаш 750-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон