КЕЛИНИ ХОНА СОАТИ СЕИ ШАБ БО МАРДИ БЕГОНА БА ДАСТ АФТОД (ВИДЕО)

  • 04.06.2018, 06:13,
  • Ҷомеа
  • Хонанда: 2 558
  • 0

КЕЛИНИ ХОНА СОАТИ СЕИ ШАБ БО МАРДИ БЕГОНА БА ДАСТ АФТОД (ВИДЕО)

Ба дасти сомонаи "Ахбор” видеое расид, ки дар он ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо як ҷавонмарди бегона ба даст афтодани келини як хонавода сабт шудааст. Дар ин видео як зан хитоб ба шавҳари зани зинокор мегӯяд, "биё, ки ман занатро соати сеи шаб бо як мардак қапидам.”

 

Дар як видеои камтар аз як дақиқа, ки рӯзи 3 июн ба дасти сомонаи "Ахбор” расид, ба даст афтодани як зану як марди ҷавони муттаҳам ба зинокорӣ сабт шудааст. Ба гуфтаи онҳое, ки ин наворро ба "Ахбор” фиристоданд, чанд муддат боз дар Тоҷикистон дар телефонҳои мобил чарх мезанад.

Кай ва дар куҷо сабт шудани видео маълум нест.

Вале дар он як зан дар рӯи кати хобаш ва як ҷавон дар рӯи фарш дар паҳлуи кат тасвир мешаванд. Зан рӯяшонро пӯшидааст ва тавре дида мешавад, модару бародарони ин занро низ даъват кардаанд, ки кори кардаашро ба чашми худ бубинанд.

Дар видео садои як зан меояд, ки хитоб ба шавҳари зани ҳангоми зино бадастафтода мегӯяд:

-Лутфуллохоҷа, ҳой Лутфуллохоҷа, ало? Ман занатро соати сеи шаб дар хона бо ин ҳайвонбача қапидам. Ман ин пид...бачаро дида гир. Мана занат дар болои диван, мана хушдоманат, мана қайниҳоят. Як рӯз ба гапам боз бовар накунӣ гуфта, съёмка кардам барои ту, ки ту ҳаминро биниву бовар кунӣ, ки ман дар даруни хонаам қапидам. Ман акнун то ҳаминро исбот накунам, ман ин бачаро ҷавоб намедиҳаму ба милиса месупорам. Ман инро дар даруни хона қапидам. Соат сеи шаб, амакат қатӣ бачаҳо дар ун хона хоб рафтагӣ, ман инро инҷо қапида, нигоҳ карда шиштаам милисаба.

 

Дар ҷомиаи мардсолори Тоҷикистон хиёнати мардон ба ҳамсаронашонро маъмулан таҳаммул мекунанд, вале хиёнати занро кам воқеъ мешавад, ки бубахшанд. Ошкор шудани хиёнати зан дар беҳтарин ҳолат бо даъвати хешовандонаш ва дар ҳузури онҳо талоқ додани ин зан анҷом мешавад. Бино ба гузоришҳо, ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо зану шавҳар дар заминаи рашк ваё ошкор шудани хиёнати яке аз онҳо аз ҳам ҷудо мешаванд.

Ҳамин тавр, бино ба гузоришҳои нашршуда дар сомонаи вазорати дохила, дар соли 2017 дар кишвар дастикам 6 мавриди куштори ҳамсарон аз ҷониби шавҳарон аз ҳиссиёти рашк ваё таҳаммул накардани хиёнати ҳамсар сабт шудааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон