ДАРГУЗАШТИ ПИСАРИ ЯГОНАИ ҲУНАРМАНДИ ШИНОХТА АҲМАДШО УЛФАТШОЕВ

Аҳмадшоҳ Улфатшоев

Шоҳрух Улфатшоев – писари ягонаи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Аҳмадшоҳ Улфатшоев соати шашуними субҳи 31 май дар синни 55 аз бемории қалб даргузашт. Шоҳрух Улфатшоев, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекард, се дафъа дучори сактаи қалб шудааст. Намози ҷанозаи ӯ соати 18 дар масҷиди маҳаллаи "Мехколонна”-и Душанбе доир мешавад.

Субҳи имрӯз, соати 6:30 Шоҳрух Улфатшоев - писари ягонаи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Аҳмадшоҳ Улфатшоев аз дунё даргузашт. Тавре наздикони ин оила гуфтаанд, фарзанди Ахмадшоҳ Улфатшоев 55 сол дошт ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд. Табибон сабаби марги Шоҳрухро дар бори сеюм аз сар гузаронидани сактаи қалб арзёбӣ намудаанд. Намози ҷанозаи марҳумро бо сабаби он, ки яке аз амакҳояш аз ноҳияи Дарвоз дар роҳ аст, то соати 18 ба таъхир гузоштанд. Намози ҷанозаи писари ягонаи Аҳмадшо Улфатшоев дар масҷиди маҳаллаи "Мехколонна”-и пойтахт доир мешавад.

Шоҳрух Улфатшоев, ки дар маҳаллаи Испечак М16 зиндагӣ мекард, соҳиби ду писару ду духтар буд.

Ахмадшоҳ Улфатшоев, Ҳунарманди халқии Тоҷикистондар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст. Улфатшоев солҳои 1981-1985 Директори театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ будва тақрибан тамоми умр дар ҳамин театр фаъолият кардааст. Аҳмадшо Улфатшоев ба ҷуз Шоҳрух боз ду духтар дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон