СПИД-ТЕРРОРИСТ: ЯК ЗАН ДАР ШАҲРИТӮС 10 МАРДРО ОЛУДАИ ВИРУС КАРДААСТ

Як зани 30-солаи танфурӯш аз ноҳияи Шаҳритӯс, ки ба вируси ВИЧ- ангезандаи бемории СПИД мубтало шуда буд, дидаю дониста 10 мардро ба ин вируси қаттол гирифтор кардааст.Ин зан ҳоло дар боздошт қарор дорад ва парвандааш рӯзҳои наздик барои муҳокима ба додгоҳ фиристода мешавад.Маълум нест, ки "клиент”-ҳои ин зан боз чанд каси дигарро ба вируси ВИЧ-СПИД олуда кардаанд.

Орзуи КАРИМ

Додситонии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон таҳқиқи парвандаи як занро идома медиҳад, ки ба гуфтаи муфаттишон 10 мардро ба бемории вируси норасоии масунияти бадан гирифтор кардааст.Азбаски ифшои номи беморони гирифтори ин маризӣ бе иҷозаи худашон дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, ному насаби ин зан ҳам эълон намешавад.

 

Умед Каримзода, додситони ноҳияи Шаҳритус,рӯзи 31-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тафтиши парвандаи сокини ҳамин ноҳия дар арафаи анҷомёбист. "Шоҳидон забонхат доданд. Тафтишот ҷараён дорад. Рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода мешавад. Ҳоло ин зан дарбоздошт аст”, - гуфт ӯ.

Мақомот мегӯянд,ин зан 30-сола аст ва аз соли 2014 расман ба ҳайси гирифтори бемории норасоии масунияти бадан сабти ном шудааст. Дар Маркази мубориза бо бемории ВИЧ- СПИД дар ноҳияи Шаҳритус ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз рӯи ин зан ба марказ шикоят омадааст. Маълум нест, худи ин зан аз кӣ сироят шудааст.

 

Сайидо Муртазоев, як табиби марказ, гуфт, "ҳамин зан дар маркази мо буд. Фаҳмиданд, киба бероҳагӣ машғул аст. Муштариёнро тариқи телефон пайдо карданд, вале ному насабашро гуфта наметавонем. Ин зан бемор буданашро медонист.”

Ҳоло занро ба "сироят кардан бо инфексияи ВИЧ” ва "дидаю дониста, таҳти хавфи сироят бо инфексияи ВИЧ гузоштани шахси дигар” муттаҳам мекунанд. Дар сурати собит шудани иттиҳом, мумкин аст, ӯ аз 2 то 5 сол ба зиндон маҳкум шавад. Ба қавли муфаттишон, бо назардошти онки ҷабрдидаҳо10 нафар ҳастанд, эҳтимоли ҷазои сахттар гирифтанаш вуҷуд дорад.

Пайвандони ин зан аз суҳбат худдорӣ мекунанд. АммоАкрам Давлатов, мудири Маркази мубориза алайҳи бемории Вич-СПИД дар Хатлон, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳама беморон имзо мегиранд, ки мабодо дигаронро гирифтор накунад. "Забонхаташонро мегирем, мехонем ва ҳар яке аз онҳоимзо мегузоранд”, - гуфтааст Акрам Давлатов.

 

Гузориш дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани як зане, ки гӯё 10 нафарро ба бемории вируси норасоии масунияти бадан мубтало кардааст, бори аввал аст, ки нашр мешавад. Аммо дар гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, аз миёни садҳо танфурӯши боздоштшуда, се нафарро бо иттиҳоми ба беморӣ гирифтор кардани муштариёнашон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд. Маълум нест, ки онҳо чӣ ҷазо гирифтаанд.

Дар Хатлон 2863 гирифтори бемории Вич-СПИД сабти ном шудаанд ва 900 нафари онҳо занон ҳастанд. Ин рақам дар ноҳияи Шаҳритус ба 90 нафар баробар аст.

Аксари гирифторон, ё мӯътодони маводи мухаддир ҳастанд ваё заноне, ки ба танфурӯшӣ машғул шудаанд. Теъдоде ҳам аз роҳҳои номаълум ва ё аз шавҳарони муҳоҷирашон ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Бознашр аз радиои "Озодӣ”

https://www.ozodi.org/a/aids-tajikistan-woman/29261208.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон