РАИСИ ШИРКАТИ СОХТМОНИИ “МОВАРОУННАҲР” ҶӮРАБЕК ОХУНОВ АЗ ЗИНДОН ОЗОД ШУД

Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр”, ки аз моҳи ноябри соли 2010 дар пушти панҷара буд, рӯзи 8 май аз зиндон озод шудааст. Ҷӯрабек Охунов, ки баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шуда, ба анҷоми сохтмони биноҳои нотамом дар Душанбе азм кард ва бозори сохтмонро дар кишвар аз нав эҳё кард, дар соли 2012 ба 14 соли зиндон маҳкум шуда буд.

 

Ороста Охунова, духтари Ҷӯрабек Охунов ба радиои "Озодӣ гуфтааст, ки падарашро рӯзи 8 май аз зиндон озод кардаанд ва ӯ ҳоло дар озодӣ қарор дорад.

Ҷӯрабек Охунов амалан нафарест, ки баъди гузашти солиён аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ бо ба дӯш гирифтани анҷоми сохтмони биноҳои истиқоматии нотамом дар пойтахти Тоҷикистон бозори сохтмонро дар кишвар аз нав эҳё кард. Вале дар моҳи ноябри соли 2010 ӯро бо иттиҳоми "тақаллуб ба маблағи бузург” боздошт ва дар соли 2012 бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 12 соли зиндон маҳкум карданд.

Бар асоси қонуни авфи соли 2014 ҳукми Охунов кам гардид ва ҳоло ӯ бо адои ҳукми зиндонаш тавонист ба озодӣ барояд.

Аммо моҷарои ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр” ҳамчунон идома дорад.

Муштариёни ин ширкат мегӯянд, баъди боздошти Ҷӯрабек Охунов дигар касе дар фикри онҳо нашуд ва хонаҳое, ки онҳо аз "Мовароуннаҳр” харида буд, солҳо боз бидуни санади расмӣ ва қисме то ҳол нимсохт боқӣ мондаанд.

Моҳи декабри соли 2017 мақомот ба зидди бародари Ҷӯрабек Охунов – Тӯрабек Охунов, ки баъди боздошти ӯ роҳбарии умури ширкати "Мовароуннаҳр”-ро ба дӯши худ гирифта буд, бар асоси шикояти як муштарии ин ширкат парвандаи ҷиноятӣ кушоданд. Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода буд, ки сокини 56-солаикӯчаи Навоии шаҳри Душанбе бо номи Матлуба Мирзораҳимова ба шӯъбаи умури дохилӣ муроҷиат кардааст, ки раиси "Моваруннаҳр” барои сохтмони бинои нотамом 20 ҳазор доллари ӯро гирифта, маблағашро то ҳол барнагардондааст. Бар асоси ин шикоят, Тӯрабек Охуновро муддате боздошт ҳам карданд.

Парвандаи раиси ширкати "Мовароуннаҳр” яке аз аввалин парвандаҳои пурсарусадо ба зидди тоҷирони бузург дар Тоҷикистон буд ва интиқодҳо аз шеваи бархӯрди мақомот ба сармоягузорони ватанӣ ба иқтисоди кишвар ва бахусус нисбат ба нафареро, ки аввалин шуда, бозори сохтмони хонаҳои истиқоматиро дар Тоҷикистон аз нав зинда карда, ба бор оварда буд.

Ширкати "Мовароуннаҳр” сохтмони биноҳои нотамомеро, ки дар гӯшаҳои гуногуни Душанбе аз замони Шӯравӣ бозмонда буданд, ба ӯҳда гирифта буд.

Маҳз баъди оғози фаъолиятҳои "Мовароуннаҳр”, ширкатҳои дигар чӣ қадар пурфоида будани сохтмони манзил дар Тоҷикистонро ҳис карда, аз паи ӯ рафтанд.

Ин фарзия ҳамеша вуҷуд дошт, ки Ҷӯрабек Охуновро бо фармоиши бозигарони наве, ки дар бозори сохтмон пайдо шуданд, аз байн бардоштанд ва ба зиндон андохтанд.

Муштариёни ширкати "Мовароуннаҳр”, ки аз ҳуқуқи онҳо вакили шинохта Бузургмеҳр Ёров ҳимоят мекард, як силсила эътирозҳо ҳам доир карда, талаб доштанд, ки Ҷӯрабек Охуновро озод кунанд, то ки ӯ сохтмони биноҳои нотамомро анҷом бидиҳад. Худи Бузургмеҳр Ёров ҳам дар соли 2015 боздошт гардида ва ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст.

Муштариёни ширкати "Мовароуннаҳр” ҳамеша аз ҳукми зиндони Ҷӯрабек Охунов изҳори норозигӣ мекарданд ва мегуфтанд, мақомот дар паи таъқиби ин соҳибкор аз манфиатҳои муштариёни ширкат чашм пӯшиданд ва касе дар фикри онҳо нашуд. Ҳоло ин муштариён, ки шуморашон то 600 нафар аст, умедворанд, ки бо раҳоии Ҷӯрабек Охунов ширкати "Мовароуннаҳр”хонаҳои нотамомаи онҳоро сохта хоҳад дод.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон