БО КОРД ГАРДАНАШРО МЕБУРИД, КИ КОРД ШИКАСТ... ТАФСИЛОТИ КУШТОРИ БЕРАҲМОНА ДАР МАСТЧОҲ

ВКД Тоҷикистон бо тасдиқи хабари сомонаи "Ахбор” дар бораи қатли ваҳшиёнаи як зан дар Мастчоҳ навиштааст, сокини 57-солаи ҷамоати Оббурдон бо корди хоҷагӣ гардани ҳамсарашро бурид, вале корд шикастааст.Вале мард боз ҳам ором нагирифта, бо кафлези оҳанин ба узвҳои бадани ҳамсари дар хун оғӯштааш задааст. Ҷанозаи ин зани 57-соларо ба хок супурданд. Шавҳари бадҷаҳли ӯ ҳоло бо иттиҳоми одамкушӣ дар боздошт қарор дорад.

 

Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тафсилоти куштори бераҳмона дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳро нашр кард. Сомонаи "Ахбор” дар бораи ин куштор як рӯз пеш аз қавли шоҳидон хабар дода буд.

Вазорати корҳои дохила мегӯяд, як марди 57-солаи сокини ҷамоати Оббурдон ҳамчун гумонбар дар одамкушӣ дастгир шудааст. Бино ба ин манбаъ, ин мард рӯзи 9 май, соати тахминан 12:20 "дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, зани 57-сола, ҷангу ҷанҷол карда, бо мақсади ба қатл расонидан, ҳангоми бо корди хоҷагӣ гарданашро буридан, корд шикастааст.Баъдан номбурда кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, бо кафлези оҳанин ба узвҳои бадани ҳамсараш якчанд маротиба задааст.Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳоло ба зидди ин мард бар асоси қисми якуми моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Як рӯз қабл сокинони деҳаи Сурхкати ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 9 май ба сомоати "Ахбор” хабар доданд, ки Раҷабмаҳмад ном сокини ин деҳаи воқеъ дар қаламрави колхози як замон машҳури ба номи Фирдавсӣ имрӯз, дар рӯзи иди Ғалаба ҳамсарашро барои онки аз як маърака дертар ба хона баргашт, бераҳмона ба ҳалокат расондааст.

Ибтидо ҳадс зада мешуд, ки сабаби ин куштори бераҳмона рашки шавҳар будааст. Вале тавре ки баъдтар маълум шуд, дар асл Раҷабмаҳмад барои як гапи дупула – каме дер баргаштани ҳамсараш аз як маърака - ӯро бо чунин шеваи ваҳшиёна куштааст.

Ин фоҷиа то ҳол барои бисёриҳо боварнокарданист, ки чунки Раҷабмаҳмад ва ҳамсараш калонсол буда, ҳарду 57-сола буданд ва се духтарашон алакай шавҳар кардаву хонаву дари худро доранд ва танҳо писари хурдии онҳо, ки дар синфи 11 мехонад, ҳамроҳи падару модар зиндагӣ мекард.

Сокинони Сурхкат мегӯянд, байни зану шавҳар дар ин оила чанд муддат боз муноқишаҳо идома дошт. Рӯзи 9 май Раҷабмаҳмад дар ҳавлӣ бо табар ҳезум майда мекард. Дар ҳамин ҳангом ҳамсараш аз як маъракае, ки он рӯз дар деҳа доир шуда буд, баргаштааст.

Раҷабмаҳмад бо ҳамсараш барои ин ки чаро аз маърака дер баргаштааст, муноқишаи наверо барпо карда, табарро ба тарафаш ҳаво медиҳад. Ӯ дар сари қаҳр ба бадани ҳамсараш боз чанд бори дигар бо табар мезанад ва сипас бо корди хоҷагӣ кӯшиш мекунад, ки гарданашро бибурад, вале корд мешиканад. Раҷабмаҳмад боз ҳам ором нагирифта, бо кафлези оҳанин ба узвҳои бадани ҳамсари дар хун оғӯштааш задааст. Зани бечора дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Баъди куштани ҳамсараш Раҷабмаҳмад рафта, худро ба милитсия таслим кардааст. Аммо ҷанозаи ҳамсари баргаштабахти ӯро нимаи дуюми рӯзи 9 май дар намози аср ба хок супурданд. Ҳамдеҳагонаш гуфтанд, ки аз бадани зан пайваста хун мерафт ва то фардо нигоҳ доштани ҷасад дигар имкон надошт...

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон