ЧӢ ДАҲШАТ! ҚАТЛИ ВАҲШИЁНАИ ЯК ЗАН ДАР МАСТЧОҲ

Рӯзи 9 май Раҷабмаҳмад ном як сокини деҳаи Сурхкати ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ҳамсарашро барои он ки аз як маърака дертар ба хона баргашт, бо табар бераҳмона куштааст. Раҷабмаҳмад баъди куштани ҳамсараш худро ба милитсияя супурдааст. Ҷанозаи ба хун оғӯштаи ин занро нимаи дуюми рӯз дар намози аср ба хок супурданд.

Сокинони деҳаи Сурхкати ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 9 май ба сомоати "Ахбор” хабар доданд, ки Раҷабмаҳмад ном сокини ин деҳаи воқеъ дар қаламрави колхози як замон машҳури ба номи Фирдавсӣ имрӯз, дар рӯзи иди Ғалаба ҳамсарашро барои онки аз як маърака дертар ба хона баргашт, бо табар бераҳмона ба ҳалокат расондааст.

Ибтидо ҳадс зада мешуд, ки сабаби ин куштори бераҳмона рашки шавҳар будааст. Вале тавре ки баъдтар маълум шуд, дар асл Раҷабмаҳмад барои як гапи дупула – каме дер баргаштани ҳамсараш аз як маърака - ӯро бо чунин шеваи ваҳшиёна куштааст.

Ин фоҷиа то ҳол барои бисёриҳо боварнокарданист, ки чуни Раҷабмаҳмад ва ҳамсараш калонсол буда, синнашон аз 50 болост ва се духтарашон алакай шавҳар кардаву хонаву дари худро доранд ва танҳо писари хурдии онҳо, ки дар синфи 11 мехонад, ҳамроҳи падару модар зиндагӣ мекард.

Сокинони Сурхкат мегӯянд, байни зану шавҳар дар ин оила чанд муддат боз муноқишаҳо идома дошт. Рӯзи 9 май Раҷабмаҳмад дар ҳавлӣ бо табар ҳезум майда мекард. Дар ҳамин ҳангом ҳамсараш аз як маъракае, ки он рӯз дар деҳа доир шуда буд, баргаштааст.

Раҷабмаҳмад бо ҳамсараш барои ин ки чаро аз маърака дер баргаштааст, муноқишаи наверо барпо карда, табарро ба тарафаш ҳаво медиҳад. Ӯ дар сари қаҳр ба бадани ҳамсараш боз чанд бори дигар бо табар мезанад Зани бечора дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Баъди куштани ҳамсараш Раҷабмаҳмад рафта, худро ба милитсия таслим кардааст. Ӯ ҳоло дар боздошт қарор дорад ва тафтиши парвандааш шурӯъ шудааст.

Аммо ҷанозаи ҳамсари баргаштабахти ӯро нимаи дуюми рӯзи 9 май дар намози аср ба хок супурданд. Ҳамдеҳагонаш гуфтанд, ки аз бадани зан пайваста хун мерафт ва то фардо нигоҳ доштани ҷасад дигар имкон надошт.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон