ҲАМЛА БО БЕЛ БА ЗИДДИ КОРМАНДИ МИЛИТСИЯ ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Рӯзи 7 май дар деҳаи Муҷуми ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ)-и вилояти Суғд корманди шуъбаи корҳои дохилии ин ноҳия Роҳатулло Раҳмоновро латукӯб карда, бо бел ба сараш задаанд. Роҳатулло Раҳмонов ҳоло дар бахши эҳё (реаниматсия)-и бемористони ноҳиявӣ қарор дошта, тафтиши ҳодисаи ҳамла ба корманди милитсия идома дорад.

Як манбаи сомонаи "Ахбор” хабар дод, ки корманди шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ)-и вилояти Суғд Роҳатулло Раҳмонов рӯзи 7 май дар деҳаи Муҷум, маркази ҷамоати Муҷуми ин ноҳия мавриди латукӯб аз ҷониби сокинон қарор гирифтааст. Дар ҷараёни муноқиша ба сари корманди милитсия бо бел задаанд ва Роҳатулло Раҳмонов ҳоло дар бахши эҳё (реаниматсия)-и бемористони ноҳиявӣ таҳти табобат қарор дорад.

Тафтиши ин ҳодисаи ҳамла ба корманди милитсияро шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Деваштич пеш бурда истодааст.

Ба гуфтаи манбаи "Ахбор”, Роҳатулло Раҳмонов рӯзи 7 май бо супориши додгоҳи ноҳияи Деваштич ба деҳаи Муҷум омада буд, то чанд шоҳидро ба мурофиа барад.

Як зани шоҳид вақти омадани корманди милитсия аз бозори кӯчатфурӯшӣ барои шинондан кӯчат мехарид. Роҳатулло Раҳмонов ба чӣ сабабе бо кӯчатфурӯшон вориди муноқиша мешавад ва кӯчатҳоеро, ки барои фурӯш гузошта буданд, ба замин пош медиҳад. Занҳо аз гиребони ӯ мегиранд, ки ин кӯчатҳоро бо пули қарз барои фурӯш овардаанд.

Ин радду бадал дар ниҳоят ба он овардааст, ки Роҳатулло Раҳмоновро сокинон латукӯб карда, аз ҷумла бо бел ба сараш задаанд.

Роҳатулло Раҳмонов бародари сардори идораи андози ноҳияи Деваштич Баҳрулло Раҳмонов мебошад. Онҳое ки ӯро мешиносанд, мегӯянд, Роҳатулло Раҳмонов бо мардум муносибати хеле хубу хоксорона дошт ва барои ҳалли мушкилоташон ҳеҷ гоҳ ёрии худро дареғ намедошт. Онҳо мегӯянд, то ҳол барояшон рӯшан нест ки чаро ӯ дар Муҷум бо занони кӯчатфурӯш вориди чунин муноқиша шудааст.

Деҳаи Муҷум маркази ҷамоати деҳоти Муҷуми ноҳияи Деваштич буда, аз маркази ноҳия 12 километр дур аст. Дар ин деҳа, бино ба оморҳо, ҳудуди 4 ҳазор нафар, аксар тоҷикҳо ва ӯзбекҳо зиндагӣ мекунанд. Мардуми Муҷум асосан ба кишоварзӣ – боғдорӣ, ғаллакорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳои ин минтақа аз чашмаҳо обёрӣ мешавад.

назари худро нависед
салом алаейкум ман за муҷум вай номаш чзий
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон