ВО-АҶАБ! БОЗДОШТИ ЯК ЗАН БАРОИ ... КИСАБУРӢ

Як зани 25-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони дуздӣ дастгир шудааст. ВКД мегӯяд, бвар меравад, ки ҳамин зан рӯзи 19 апрел аз ҷайби як марди сокини ноҳияи Шоҳмансур ба таври пинҳонӣ 2400 сомонӣ ва як телефони "Самсунг”-ро рабуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

 

Аз навори хабарҳои рӯзи 26 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошти зани ҷайбдузд

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 25-солаи сокини ноҳияи мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки рӯзи 19-уми апрели соли 2018, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз ҷайбаш 2400-сомонӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи "Самсунг-Галакси-3”, арзишаш 1750-сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 4150-сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Кормандони милитсия зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 25-солаи сокини шаҳри Душанберо бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд.
Нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

Лату кӯб ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 12-уми апрели соли 2018, тахминан соати 23:20-дақиқа, марди 53-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкурро зери лату кӯб қарор додааст, ки дар натиҷа мувофиқи маълумотномаи Ташхиси судӣ-тиббӣ таҳти №330 аз 20-уми апрели соли 2018, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

 

Бо роҳи сохтакорӣ тайёр намудани "Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин”

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 42-солаи сокини деҳаи Қуштеппаи шаҳри Панҷакентро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.

Номбурда, моҳи ноябри соли 2013 бо маслиҳати пешакӣ бо раиси хоҷагии деҳқонии "Савр”, марди 64-солаи сокини деҳаи Қуштеппа, бо роҳи фиреб ба боварии марди 56-солаи сокини деҳаи Фароб даромада, барои ҷудо карда додани замини наздиҳавлигӣ аз ӯ 2 ҳазору 100-доллари амрикоӣ гирифта, "Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин”-ро бо роҳи сохтакорӣ тайёр намуда, додаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Дуздӣ аз хонаи истиқоматӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппа дар он хусус муроҷиат намудааст, ки санаи 25-уми апрели соли 2018, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш, ки панҷара ва камераи мушоҳидавӣ надорад, даромада, аз он ҷо 1-адад телевизор ва либосҳои мардонаро, ҷамъ ба маблағи 3000-сомонӣ дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 23-солаи сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 24-солаи сокини деҳаи Гулпарварро бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон