Боздиди ҷавонони ВМКБ аз Маркази исмоилияи Душанбе ва қалъаи Ҳисор

Ҷавонони Ð‘Ð°Ð´Ð°Ñ ÑˆÐ¾Ð½ дар Ҳисор

Ҳадафи аслии ин сайёҳат васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, ошноӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол, фарҳанги ниёгон, маданияти шаҳрдорӣ гуфта шудааст

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон сад 100 ҷавони фаъоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе омадаанд, хабар медиҳад ВУД.

Гуфта мешавад, ки субҳи имрӯз ҷавонони фаъоли Бадахшон аз маркази фарҳангии "Исмоилия"-и шаҳри Душанбе ва мавзеъҳои таърихии шаҳри Ҳисор дидан кардаанд.

Ҷавонони Бадахшон дар Маркази исмоилия
© ФОТО : АЗ ВУД
Ҷавонони Бадахшон дар Маркази исмоилия

Ба иттилои манбаъ, дар назар аст, ки пас аз нисфирӯзии имрӯз ҷавонон аз Китобхонаи миллии Точикистон, Осорхонаи миллӣ, Боғи парчами миллӣ, "Кохи Наврӯз" ва Боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи устод "Рӯдакӣ" дидан намоянд.

Пештар хабар дода шуд, ки ҷавонони Бадахшон дар Душанбе гардиш мекунанд.

Ҷавононро сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Мансур Бухоризода, муовини раиси вилоят Гулдаста Орумбекова, раиси шаҳри Хоруғ Арамбегим Маҳтобшозода ва муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев гусел кардаанд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон