. / Иқтисодиёт
Аз оғози сол дар Тоҷикистон аз ҳама чӣ зиёдтар қимат шуд?
Нархи маҳсулоти ғизоӣ ба таври қобили мулоҳиза - 6,3% боло рафт.
Сурат: theopenasia.netСатҳи таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон 5,2%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.
Аз ҷумла, арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 6,3%, маҳсулоти ғайриозуқа - 3,8% ва тарифҳои хизматрасонии пулакӣ - 3,8% боло рафтанд.
Ҳукумати Тоҷикистон мизони таваррумро то охири сол дар сатҳи 7% нигоҳ доштанист. Аммо Бонки ҷаҳонӣ сатҳи таваррумро соли 2020 дар Тоҷикистон 10% пешгӯйӣ мекунад.
Қобили зикр аст, ки як сол пеш нарху тарифҳо дар Тоҷикистон ба миқдори 8% боло рафта буданд.
Имсол чӣ қимат шуд?
Маҳсулоти хӯрокворӣ:Шакар (қанд) – 19,6%
Маснуоти нонӣ – 11,7%
Мева – 7%
Равған – 7%
Картошка – 5,7%
Гӯшт – 5%
Маҳсулоти ғайриозуқа:
Гази моеъ – 10,7%
Маҳсулоти дорусозӣ – 8%
Воситаҳои шустан – 6,8%
Масолеҳи сохтмон – 6,7%
Матоъ – 5,5%
Қисмҳои эҳтиётии нақлиёт – 3,9%
Хизматрасониҳои пулакӣ:
Нархи роҳкирои сафар бо нақлиёти ҳавоӣ – 30%
Хизматрасониҳои маишӣ – 2,6%.