ФАВРӢ! САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ФАРХОР СЕ КУШТА БА ҶО ГУЗОШТ

Шоми 20 апрел бар асари бархӯрди мошини "Рейнҷ Ровер” бо як мошини дигар дар ҷамоати Гулшани ноҳияи Фархор се нафар, аз ҷумла ду зан ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Рӯзи 20 апрел бар асари бархӯрди КАМАЗ бо "Опел” дар роҳи Хоҷаобигарм низ се мусофири "Опел” ҷароҳат бардоштанд.

Яке аз хонандагони сомонаи "Ахбор” аз ноҳияи Фархор дар бораи як садамаи марговар хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар роҳи ҷамоати Гулшан як мошини гаронбаҳои "Рейнҷ Ровер” бо як мошини дигар бархӯрдааст. Ронандаи "Рейнҷ Ровер”, ба гуфтаи шоҳидон, баъди ин садама аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

Гуфта мешавад, бар асари садама дар ҷамоати Гулшан ронандаи мошин ва як мусофираш бо номи Ҷамила, ки дар бозори ноҳияи Фархор тиловорӣ мефурӯхт, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, се нафари дигар, аз ҷумла писари Ҷамиларо дар ҳолати вазнин ба бемористон бурдаанд. Аз ин се маҷрӯҳ як нафараш, ки низ зан буд, дар бемористон ҷон додааст.

Ба ин тартиб, дар садамаи Фархор то ин се соат се нафар ҷон бохтаанд ва ду нафари дигар, аз ҷумла як кӯдак дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Хабари садамаи марговар дар Фархор ба дунболи хабари як садамаи дигар аст, ки рӯзи 20 апрел, соати тахминан 12:50 дар назди бозори фурӯши чукрӣ дар роҳи Хоҷаобигарм рух дод. Дар инҷо як мошини боркаши КАМАЗ як мошини сабукрави тамғаи "Опел”-ро пахш кард.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, ронандаи мошини "Опел” барои онки як чукрифурӯшро, ки ногаҳон ба роҳ баромад, назанад, суръати мошинашро якбора суст кард. Дар ҳамин лаҳза, ронандаи мошини КАМАЗ, ки аз самти Майхӯра аз қафои "Опел” меомад, мошинашро нигоҳ дошта натавонист ва аз қафо ба мошини "Опел” зад.

Дар натиҷаи садама се мусофири "Опел” ҷароҳат бардоштаанд ва ҳарсеро ба бемористон бурдаанд. Шоҳидон мегӯянд, дар натиҷаи садама мошини "Опел” осеби ҷиддӣ дида, як хаймачаи чукрифурӯшӣ низ чаппа шудааст.

ВИДЕО АЗ ҶОИ САДАМА ДАР РОҲИ ХОҶАОБИГАРМРО ИН ҶО ТАМОШО КУНЕД:

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон