РӮЗИ 18 АПРЕЛ ДАР ПАНҶАКЕНТ БАРФ ЗАД (9 АКС)

"Ҳамин шаб сар кард ва то саҳар зад. Хайрият, ки дер хоб нарафт, зуд об шуд, вале меваро сармо зад. Мӯйсафедҳо гуфтанд, ки зардолу метавонад солим монад, зеро алакай ғурра дорад, вале себу чормағз ҷон басаломат бурда наметавонанд, зеро нав гул карда буданд.”

Рӯзи 18 апрел дар ҷамоати Рӯдакии Панҷакент барфи ногаҳонӣ зад. Ин барф ҳосили дарахтони ғарқи гул ва бархеаш алакай ғуррабастаро нобуд кардааст.

 

Хабарнигори тоҷик Холиқназар Ҷумъаев бо нашри чанд акс хабар дод, ки рӯзи 18 апрел дар деҳаи Мадовраи Панҷакент барф зад. Холиқназар Ҷумъаев изҳори таассуф кардааст, ки дигар имсол мева нест.

Шоҳрӯзи Каримулло бо нашри аксҳое дигар дар майдони баҳси ин матлаб низ бо изҳори таассуф навиштааст: "На танҳо дар Мадовра мева нест балки дар ҳамаи ҷ/д Рӯдакӣ имсол мева нест...

Холиқназар Ҷумъаев, ки барои аёдати наздиконаш ба Панҷакент рафта буд, рӯзи 18 апрел дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” гуфт:"Ҳамин шаб сар кард ва то саҳар зад. Хайрият, ки дер хоб нарафт, зуд об шуд, вале меваро сармо зад. Мӯйсафедҳо гуфтанд, ки зардолу метавонад солим монад, зеро алакай ғурра дорад, вале себу чормағз ҷон ба саломат бурда наметавонанд, зеро нав гул карда буданд.”

Барф дар моҳи апрел ҳатто дар дараҳо ва манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон ҳодисаи нодир аст. Маъмулан дар сурати задани чунин барфи ногаҳонӣ ҳосили дарахтонро сармо мезанад.

Ҳафтаи гузашта дар Кӯҳистони Мастчоҳ низ барф зада буд.

 

 

 

Аксҳо аз Холиқназар Ҷумъаев, Шоҳрӯзи Каримулло ва Ҷасур Турдиев:

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон