Ниммарафон, пойгаи аспдавонӣ ва тӯйи хатнасур дар ҷашни Рӯзи пойтахт

Дар ҷашни Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел (имсол - 21 апрел) таҷлил мегардад, дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ доир мегарданд: дар ҳамаи боғҳои шаҳр сайругаштҳои оммавӣ баргузор мешаванд. Ғайр аз ин, мақомоти шаҳрдории Душанбе маросими тӯйи хатнасури дастаҷамъонаи кӯдакон аз оилаҳои камбизоатро мегузаронад.

Аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, ки рӯзи ҷашн дар Душанбе бори 9-ум Ниммарафони байнулмилалӣ доир гардида, дар он намояндагони 16 кишвар, аз ҷумла Олмон, Австрия, Беларус, Эрон, Афғонистон, Русия,  Швейтсария, Қазоқистон,  Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо иштирок мекунанд.

Маблағи умумии мукофотпулии ниммарафон 398 ҳазор сомониро ташкил дода, ба иштирокчиён дар байни мардону занон, ки зинаҳои аз 1 то 6-умро ишғол мекунанд, дар ҳаҷми аз 13 ҳазору 350 сомонӣ барои зинаи 6-ум то 31 ҳазору 150 сомонӣ (беш аз 3,5 ҳазор доллар) барои зинаи 1-ум мукофотпулӣ дода мешавад.

Ниммарафони байнулмилалӣ ба масофаи 21 километр аз маҷмааи «Наврӯзгоҳ оғоз шуда, тариқи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, маҳллаи Хуҷамбиё, нуқтаи назорати БДА «Чорбоғ», хиёбони Рӯдакӣ мегузарад ва дар майдони «Дӯстӣ», назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ба итмом мерасад.

Дар назар аст, ки ҷоиза ва мукофотпулиҳоро ба ғолибони мусобиқа шахсан раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тақдим мекунад.

Дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳат ва майдонҳои Душанбе сайругаштҳои оммавии сокинону меҳмонони пойтахт, консерт ва мусобиқаҳоои гуногуни варзишӣ доир гардида, дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ» пойгаи аспдавонӣ барпо мешавад.

Дар робита ба баргузор намудани тӯйи хатнасури кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, аз мақомоти шаҳрдорӣ хабар доданд, ки ҷойи баргузории маросим ва шумори кӯдакон алҳол муайян карда нашудааст.

Ҷашни Рӯзи пойтахт бо консерти ситораҳои эстрадаи тоҷик ба анҷом мерасал, лекин ҷойи баргузории консерт низ ҳоло маълум нест.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон