Барои барқарории экология дар иншооти ОМ 70 млн. евро зарур аст

Натиҷаҳои лоиҳа бо нақшаҳои муфассали  барқарор кардани муҳити экологӣ дар партовгоҳҳои конҳои истихроҷи уран дар шаҳракҳои Деҳмой ва Истиқлол ҷамъбаст гардид.  Акнун мушаххас карда шуд, ки барои беҳбудии  муҳит, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва боздоштани олудасозии муҳити зист кадом корҳо анҷом дода шаванд.

Тадбирҳое, ки дар ин самт амалӣ мегарданд, аз ҷониби Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (қароргоҳи МАГАТЕ дар ш. Вена) тафтиш карда мешаванд. Тадбирҳо дар асоси таҷрибае, ки зимни иҷрои ҳамин гуна корҳо дар дигар кишварҳо, аз ҷумла дар Иттиҳоди Аврупо гирифта шудааст, анҷом дода мешаванд.

Ду объекти номбаршуда - Деҳмой ва Истиқлол қаблан дар Нақшаи стратегӣ, ки зери роҳбарии МАГАТЭ омода шудааст,  ҳамчун объектҳои авлавиятнок муайян шуда буданд. Намояндагони Тоҷикистон низ дар таҳияи он фаъолона иштирок карда буданд.

Идорасозии лоиҳаро Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи Аврупо якҷоя ба зимма доштанд. Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо тавассути “Санади ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти ҳастаӣ” сурат гирифт. Лоиҳа аз ҷониби консорсиуми байналхалқӣ зери роҳбарии ширкати "ГЕОС" (Олмон) бо ҷалби ширкатҳои олмонӣ "ВИЗУТЕК", "Висмут", "ДжиАрЭс" ва "Амек Фостер Уилер" (Британияи Кабир) дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи коршиносони баландихтисоси Тоҷикистон, ки фаъолияти онҳоро созмони дастгирии техникии Тоҷикистон "СОДЕСКО" ҳамоҳанг мекард,  амалӣ гардид.

Ин лоиҳа барои Тоҷикистон хеле муҳим аст, он барои тоза кардани партовҳои радиоактивии объектҳо, инчунин ҳамчун лоиҳаи озмоишӣ барои муқаррар намудани меъёрҳои лоиҳаҳои шабеҳи барқарорсозӣ дар минтақа ба нафъи мардуми Тоҷикистон  мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи барои шаҳракҳои Деҳмой ва Истиқлол омодашуда, аз ҷумла корҳои марбут ба таҳлили заминаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳқиқи партовҳои конҳо ва корхонаҳои истихроҷи маъдан, ифлосшавии муҳит аз партовҳои радиоактивӣ ва ғайрирадиоактивӣ ва хатари онҳо, марҳила ба марҳила  амалӣ гардиданд.

Ин нукта низ ҷолиб аст, ки дар асоси ин лоиҳа стратегияҳо ва қарорҳои  дахлдор оид ба барқарорсозии муҳити экологӣ бо назардошти шароити маҳал, омӯзиши дақиқи объектҳо ва таҳлили хатарҳо таҳия гардиданд.

Татбиқи лоиҳа имкон медиҳад, ки барои анҷом додани корҳои барқарорсозӣ ва беҳбудии шароити бехатари аҳолии маҳал заминаи техникӣ фароҳам оварда шавад.

Лоиҳа як бахши Барномаи минтақавии Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳифзи муҳити зист дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳамаи тадқиқотҳои муқаддамотии лоиҳа барои Тоҷикистон то муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонида шуданд.

Барномаи минтақавии барқарорсозии муҳити экологии Иттиҳоди Аврупо ба манфиати аҳолии Осиёи Марказӣ буда,  ҳадафҳои зеринро пайгирӣ менамояд:

- беҳтар намудани саломатии инсон;

- баланд бардоштани сифати тозагии муҳити зист;

- мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ;

- таъмини сулҳу субот дар минтақа;

- мусоидат ба рушди иқтисодӣ, аз ҷумла рушди малакаҳои махсус.

Иттиҳоди Аврупо аз дигар донорҳо даъват ба амал меорад, ки дар маблағгузории ин масъала кӯшишу талош намоянд. Ҳанӯз соли 2013 Созмони Милали Муттаҳид аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоста буд, ки дар ҳалли мушкилоти экологии минтақа кӯмаки молиявӣ расонида шавад. Иттиҳоди Аврупо бо ин мақсад 16,5 миллион евро ба фонди махсусе, ки аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) таъсис ёфтааст, ҷудо намуд. Аммо ин маблағҳо ҳанӯз кофӣ нестанд. Барои корҳои марбут ба барқарорсозии муҳити экологии ҳафт объекти афзалиятноки дигар дар Осиёи Марказӣ, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мувофиқа шудааст, боз 70 миллион евро зарур мебошад.

То имрӯз объектҳои афзалиятнок, дурнамои амал, ҳалли мсаъалаҳои марбут ба объектҳо ва арзиши онҳо муайян карда шудааст.

Айни замон барои баргузории конфронси донорҳо корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Дар назар аст, ки конфронси мазкур 8 ноябри соли 2018 бо иштироки фаъол ва мустақими кишварҳои Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор гардад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон