Тоҷирони ӯзбек ба кӯдакони ятим шириниҳо тақдим карданд

Намояндагони ширкати қаннодии «SLADUS PRODUCE»-и Ӯзбекистон имрӯз табъи тарбиягирандагони мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанберо бо тақдими шириниҳо болида гардониданд.

Кормандони ширкати қаннодии «SLADUS PRODUCE»-и шаҳри Тошканд бо ташаббуси худ иқдоми башардӯстона баргузор намуданд.

Онҳо ба воситаи кормандони сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба тарбиягирандагони мактаб-интернат беш аз 30 кило шириниҳои гуногуни истеҳсоли ширкаташонро фиристоданд.

Диретори мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим Ҷамолиддин Амирхонов ба ширкати «SLADUS PRODUCE» миннатдорӣ изҳор намуда, қайд кард, ки айни замон дар ин муассиса 345 нафар кӯдакон ба тарбияву таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 46 нафарашон ятимони кулл мебошанд.

Ширкати қаннодии «SLADUS PRODUCE»-и шаҳри Тошканд дар намоишгоҳ-фурӯши молу маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон «Made in Uzbekistan» рӯзҳои 9-11 март дар шаҳри Душанбе ширкат варзид.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон