Назорати дурбинӣ дар ҳама кӯдакистонҳо

Вазорати адлияи Ӯзбекистон стандартҳои муҷаҳҳазсозии боғчаҳоро бо бозичаҳо, ҷевонҳо, дастгоҳҳо ва дигар васоили техникӣ тасдиқ кард.

Ба иттилои вазорат, акнун дар боғчаҳои кӯдакон бояд ҳамаи васоил барои рушди ҷисмониву физикӣ муҳайё бошад ва амнияти онҳоро таъмин кунад. Дар рӯйхати васоили «муҳим» дурбинҳои назоратӣ ҳам шомил шудааст. Дурбинҳое, ки тавассути интернет назорат мешаванд, бояд дар ҳамаи утоқҳо ва майдонҳои бозии кӯдакон васл гарданд.

Ба ҷуз ин, барои рушди ҷисмонӣ ва ақлонии кӯдакон дар боғчаҳо васоили дигари ёридиҳанда насб хоҳад шуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон