ҲАЛОКАТИ МУФАТТИШИ 73-СОЛАИ ТОҶИКМАТЛУБОТ ДАР СЕБИСТОН

Рӯзи 13 март дар ҳудуди ҷамоати Себистони Данғара бар асари бархӯрди як мошини боркаши КАМАЗ бо мошини "Тойота-Прадо” ронандаи 73-солаи "Прадо” Ҳоким Ҳалимов, сармутахассиси шуъбаи назорат ва тафтишоти ҷамъияти "Тоҷикматлубот” ба ҳалокат расидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 14 марти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

 

 

 

Ҳалокати марди 73-сола дар садамаи нохуши нақлиётӣ

13-уми марти соли 2018, тахминан соати 12:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Камаз-Хова-336”, Шовалиев Маҳмадшариф Раҷабович, соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар километри 83-юми ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи "Тойота-Прадо”, таҳти идораи ронанда, Ҳалимов Ҳоким Толибович, соли таваллудаш 1945, сармутахассиси шуъбаи назорат ва тафтишотии иттифоқи Тоҷик-Матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе, соҳиби 8-фарзанд, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота-Прадо” Ҳалимов Ҳ.Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

 

Буридани дарахтон ҷавобгарӣ дорад

Кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 30-солаи сокини деҳаи Кошонаи шаҳри Панҷакентро ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо дастгир намуданд.

Номбурда, рӯзи 9-уми марти соли 2018, аз ҳудуди роҳи нақлиётгарди "Айнӣ-Панҷакент” ғайриқонунӣ 7-бех дарахтони навъи гуногунро бурида, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст. Зарари расонидашуда 4500-сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати марди гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 234 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Гирифтани маблағ ва додани ваъдаи хушку холӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 25-солаи сокини шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2015, марди 53-солаи сокини кӯчаи 40-солагии Октябри пойтахт худро корманди ҶДММ "Бунёдкор-2012” муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 31000-доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз маҳаллаи Испечак хонаи истиқоматии 3-ҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

Ҳамин тариқ номбурда моҳи ноябри соли 2017, аз марди 61-солаи сокини шаҳри Панҷакент, 132000-сомониро гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз кӯчаи Н.Муҳаммадиеви шаҳри Душанбе хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Дуздӣ аз дохили автомашина бо роҳи шикастани шишаи тиреза

 

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 24-солаи сокини кӯчаи Н.Махсуми пойтахт муроҷиат намудааст, ки шаби 5-ум ба 6-уми марти соли 2018, шахсони номаълум бо роҳи шикастани шишаи тиреза ба автомашинаи шахсиаш тамғаи "Мерседес-Бенс”, ки дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод, ворид шуда, аз он ҷо 1-адад компютери тамғаи "NP” ва 1-адад телефони мобилии тамғаи "Айва”, ки арзиши умумиашон 8900-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонписари 20-сола, донишҷӯи соли 2-юми Коллеҷи Тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини кӯчаи Мирзобеки шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 11-уми яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо гумони дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон