РАДДИЯИ ВКД ВА “ҶАНГИ НАРХ” БАЙНИ ТОҶИРОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як раддия гуфт, гузориши "Ахбор” дар бораи муноқишаи байни тоҷирони маҳаллӣ ва ӯзбекистонӣ дар бозори шаҳри Конибодом асос надорад. Вале манобеи "Ахбор” мегӯянд, мақомот маҳз баъди гузориши "Ахбор” пеши роҳи муноқишаҳо байни тоҷирон бар сари нархи маҳсулотро гирифтанд. Тоҷирони маҳаллӣ аз он норозӣ буданд, ки ӯзбекистониҳо маҳсулоташонро бо нархи хеле арзон мефурӯшанд.

 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 14 март дар сомонаи расмиаш бо нашри як раддия гуфт, гузориши сомонаи "Ахбор” дар бораи муноқишаҳо байни тоҷирони маҳаллӣ два ӯзбекистонӣ дар бозори шаҳри Конибодом "бардурӯғ ва иғвобарангез буда ба ҳақиқат наздикӣ надорад. Рафтуомади шаҳрвандони ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвари бо ҳам бародар дӯстона давом дошта ягон ҳолати муноқишаи байни шаҳрвандон ва тоҷирони ду кишвар сари баландшавии нархи маҳсулот ҷой надорад.

Вазорат мегӯяд, мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд дар ҷараёни як санҷиш дар пайи сӯҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон ва тоҷирони Конибодом ва дигар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба чунин хулоса расидаанд.

 Раддия

10 марти соли 2018 дар сомонаи иттилоотии «АХБОР КОМ» таҳти унвони «Нархро арзон накунед! Муноқишаи байни тоҷирони тоҷику ӯзбек дар Конибодом» хабар ба чоп расид, ки гуё «Баъди кушода шудани марзи Ӯзбекистон тоҷирони ӯзбек бо маҳсулоти арзон вориди бозорҳои Тоҷикистон шудаанд ва бино ба хабарҳо, аллакай байни онҳо ва тоҷирони маҳаллӣ аввалин муноқишаҳо бар сари нарх сар задаанд. Дар Конибодом барои арзон фурухтани молҳояшон чанд тоҷири ӯзбекро ҳатто задаанд… »

Ҷиҳати санҷиши асоснокии хабари дарҷгардида аз ҳисоби масъулини мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд бо шаҳрвандон ва тоҷирони шаҳри Конибодом ва дигар ноҳияҳои наздисарҳадӣ сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шуданд.
Дар натиҷа маълум гашт, ки хабари мазкур бардурӯғ ва иғвобарангез буда ба ҳақиқат наздикӣ надорад. Рафтуомади шаҳрвандони ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвари бо ҳам бародар дӯстона давом дошта ягон ҳолати муноқишаи байни шаҳрвандон ва тоҷирони ду кишвар сари баландшавии нархи маҳсулот ҷой надорад.

 

Дар гузориши сомонаи "Ахбор”, ки рӯзи 10 март бо номи "Нархро арзон накунед! Муноқишаи байни тоҷирони тоҷику ӯзбек дар Конибодом” нашр шуд, бо такя ба ду манбаъ гуфта мешуд, ки баъди кушода шудани гузаргоҳҳо дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон даҳҳо тоҷир аз ин кишвари ҳамсоя бо маҳсулоти арзон ба бозорҳои Тоҷикистон рехтанд.

Ба гуфтаи манобеи "Ахбор” тоҷирони ӯзбекистонӣ маҳсулоти худро бо нархи хеле арзон ба фурӯш гузоштаанд, ки боиси норозигии тоҷирони маҳаллӣ дар Конибодому Исфара шуда ва ҳатто тоҷирони маҳаллӣ бо ӯзбекистониҳо вориди муноқиша шуда, талаб кардаанд, ки ё нархро чунин арзон накунанд ваё дигар дар инҷо савдо накунанд.

Манобеи "Ахбор” мегуфтанд, ки тоҷирони ӯзбекистонӣ аз ҷумла як кило шакарро 4 сомонӣ ва се дона ҷорӯбро бо нархи 10 сомонӣ мефурӯшанд ва ин дар ҳолест ки қаблан нархи як дона ҷорӯб дар бозори Конибодом то 15 сомонӣ хеста буд. Ҳамин тавр, нархи 30 дона тухм, ки дар бозорҳо қаблан 25 сомонӣ буд, аз ҷониби тоҷирони ӯзбек бо нархи 17 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Ду манбаи "Ахбор”, ки ин хабарро ҳафтаи гузашта доданд, рӯзи 14 март дубора исрор варзиданд, ки хабарашон воқеият дошт ва дар ҳақиқат муноқишаҳое байни тоҷирони маҳаллӣ ва тоҷирони ӯзбек дар масъалаи нарх сар зада буд. Вале баъди гузориши "Ахбор” мақомоти маҳаллӣ бо тоҷирон суҳбатҳо гузаронда, хоҳиш кардаанд, ки бо амали худ ниҳолҳои тоза шинондаи дӯстӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистонро нашикананд ва нисбат ба тоҷирон аз кишвари ҳамсоя эҳтироми тамом қоил шаванд.

Дар як моҳи охир 10 гузаргоҳи аз солҳои 2009-2010 баста дар марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон дубора кушода шуданд. Ин дасти сокинони ду тарафи марзро барои тиҷорат дар қаламрави якдигар бозтар кард.

Рӯзи 9 март дар ҷараёни сафари давлатии раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон байни ду кишвари ҳамсоя шартномаи нав дар бораи тартиби равуои шаҳрвандон ба имзо расид, ки бар асоси он сокинони ҳарду кишвар ҳақ пайдо карданд, ба муҳлати то 30 рӯз ба қаламрави кишварҳои якдигар бидуни виза сафар кунанд. Ин иқдом майдони тиҷорат байни Тоҷикистону Ӯзбекистонро боз ҳам фарохтар ва табъан нархҳоро дар бозор боз арзонтар хоҳад кард.

Бисёриҳо арзон шудани нархи маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон баъди кушода шудани марзи Ӯзбекистонро фоли нек ва падидаи мусбат меноманд ва мегӯянд, ки ин ба фоидаи мардум аст. Ба ақидаи онҳо, боз шудани марзҳо рақобати носолимро дар бозорҳои Тоҷикистон камтар мекунад ва тоҷирони тоҷик бояд бо тоҷирони ӯзбекистонӣ бо пешниҳоди маҳсулоти хубтару нархҳои арзонтар рақобат кунанд, на бо гирифтан аз гиребони онҳо бо талаби инки нархро назанед!

Дар посух ба як нуктаи омада дар раддияи вазорати дохилаи Тоҷикистон, ки мегӯяд, хабари "Ахбор” "бардурӯғ ва иғвобарангез” буд, сомонаи "Ахбор” расман изҳор медорад, ки ягон қасди иғво ва дурӯғпароканӣ надошт, балки танҳо ҳадафаш мусоидат ба пешгирии саривақт аз амалҳое буд, ки метавонанд равобити хуби оғозёфта байни Тоҷикистону Ӯзбекистонро хароб кунанд. Фарқи бузург байни нархи маҳсулот дар ду кишвари ҳамсоя табиист ки метавонад сабаби чунин муноқишаҳо дар бозорҳо, бахусус дар манотиқи марзӣ шавад ва салоҳ ин аст, ки пеши роҳи чунин "ҷангҳо барои нарх” аз қабл гирифта шавад.

Ниҳолҳои дӯстӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳама тозаниҳоланд ва ҳар амали ноҷо метавонад монеи нумӯъ ва ҳатто шикастани ин ниҳолҳои дӯстӣ шавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон