АНА ҚАҲРАМОНӢ! МОДАР НИСФИ ҶИГАРАШРО БА КӮДАКИ ХУД ДОД (ВИДЕО)

  • 13.03.2018, 13:13,
  • Ҷомеа
  • Хонанда: 2 573
  • 0

Табибони Маркази миллии трансплантология бори нахуст дар Тоҷикистон як қисмати ҷигари модарро ҷарроҳӣ карда, ба тифли 22-моҳа пайванд карданд. Ба гуфтаи табибон, 224 грамм ҷигари модар Гулнора Давлатоваро гирифта, ба бадани тифлаш Анас пайванд карданд.

 

Табибони Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон (трансплантология) бори нахуст дар Тоҷикистон як қисмати ҷигари модарро ҷарроҳӣ карда, ба тифли 22-моҳа пайванд карданд.

 

Табиби реаниматологи ин марказ Манучеҳр Розиқов, ки айни замон беморон дар ин шуъба парасторӣ мешаванд, дар суҳбат бо faraj.tj гуфт, амали ҷарроҳиро 3 рӯз қабл роҳбари Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон Суҳроб Исмоилзода гузаронида буд ва феълан вазъи саломатии модару кӯдак хуб аст. Ба гуфтаи табиб, чунин амалиёт дар тифли ба ин сину сол бори аввал аст.

- Гулнора Давлатоваи 34-сола модари танҳо ва соҳиби ду фарзанд аст. Давлатзода Анас фарзанди хӯрдии ӯст, ки 1 солаву 10 моҳа аст. Анаси хӯрдакак бо нуқсони модарзодии ҷигар таваллуд шудааст. Ӯ бо ташхиси «сирози билиари аввалиндараҷа», ки вайроншавии пурраи ҷигар мебошад, ҷарроҳӣ карда шуд ва ҷигараш пурра бурида шуд, - гуфт табиб.

Табиби дигари ин марказ Файзалӣ Мавлонов дар суҳбат гуфт, аз ҷигари модар 224 гр ба кӯдак пайванд карда шуд.

- Чунин амалиёт маротибаи якум соли 2014 дар кӯдаки 3,5 сола гузаронида шуд, вале дар синну соли хурдтар ин аввалин ҷарроҳӣ аст, - гуфт Мавлонов.

Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон соли 2011 таъсис дода шудааст. Ба гуфтаи мутахассисон, то имрӯз дар ин марказ аз тарафи табибони тоҷик беш аз 350 амалиёти пайванди гурда ва 38 амалиёти пайванди ҷигар гузаронида шудааст. Шумораи зиёди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла аз ҷумҳуриҳои Қирғизистону Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Лубнон ва Афғонистон дар ин марказ бомуваффақият ҷарроҳӣ карда шудаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон