“РАНГУБОР”-И ҲАҚИҚАТ ДАР ФАРХОР (ВИДЕО)

  • 13.03.2018, 13:11,
  • Ҷомеа
  • Хонанда: 2 554
  • 1

Дар романи машҳури "1984”-и Ҷорҷ Оруэлл, ки дар бораи як давлати худкомаи тахайюлист, ин давлат вазорате дорад бо номи "вазорати ҳақиқат”, ки вазифааш таҳрир ё "рангубор”-и таърихи гузашта вобаста ба хостҳои сиёсати замона аст. Ончӣ ки дар мактаби рақами 14-уми деҳаи Иттифоқи ноҳияи Фархор гузашт, ба чунин "рангубор”-и ҳақиқат мемонад.

 

Барои он ки мо ҳам мисли мақомоти ноҳияи Фархор ба "рангубор”-и воқеият роҳ надиҳем, ин моҷароро бояд аз аввалаш қисса кунем:

Санаи 25-уми феврали соли ҷорӣ, аввал тариқи шабакаи телевезионии "Тоҷикистон” ва баъдан аз ду шабакаи телевизионии дигар - "Синамо” ва "Ҷаҳонамо” гузорише пахш гардид, ки дар он аз хароб будани ҳолати мактаби миёнаи №14-уми деҳаи Иттифоқи ноҳияи Фархор сӯҳбат мешуд. Дар гузориш гуфта мешуд, ки мактаби рақами 14 ҳанӯз соли 1946 сохта шуда, аз замони фуурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ рӯйи таъмирро надидааст ва муаллимон ба шогирдон дар ин мактаб дар як вазъияти ҳузнангезе дарс медиҳанд.

Вокуниши мақомоти ноҳияи Фархор хеле фаврӣ буд, вале дар айни замон – хеле суолбарангез: Раиси ноҳия Сулаймон Вализода алакай нимаи дуюми рӯзи 26 феврал мудири ин мактаб Гулҷаҳон Тоҷиддиноваро аз мақом барканор кард ва амр дод, то омӯзгорон худашон бо дасти худ мактаби вайронаро тармим кунанд. Бо амри мақомот, муаллимонро барои онки беиҷозат хабарнигорони телевизиони давлатиро ба мактаб даъват кардаанд, алакай ҳамон шаби 26 ба 27 феврал ба "ҳашар”-и тармими мактаб бароварданд.

Як манбаи сомонаи "Ахбор” шаби 26 феврал бо ирсоли як видео хабар дод, ки омӯзгорони мактаби таҳсилоти умумии №14-и ноҳияи Фархорро ба "усто-муаллим” табдил додаанд:"Дар ҳамин вақту соат, ки соат ба 23 наздик мешавад, муаллиму муаллимаҳои мактаби таҳсилоти умумии №14-и ноҳияи Фархор ҳамон синфхонаи дар ТВ намоишдодашудароро таъмири дохилӣ( шпаклёвкаю штукатурка) карда истодаанд. Ин ҳамон мактабест, ки тариқи телевизион аз фарсудаву вайрона буданаш барномае пахш намуданд.”

Дар ин видео, ки ба дасти сомонаи "Ахбор” расид, дида мешуд, ки муаллимони мактаби рақами 14-уми деҳаи Иттифоқи ноҳияи Фархорро маҷбур кардаанд, ки шаби 26 ба 27 феврал бо дасти худ мактаби вайронаи ин деҳаро тармим кунанд. Муаллимон мегуфтанд, онро барои бе иҷозати мақомоти ноҳия ба ин мактаб даъват кардани хабарнигорони ТВ-и давлатӣ чунинҷазо доданд.

 

Албатта, дар зеҳни хонанда суоле пайдо мешавад, ки баъд чӣ шуд? Баъд, ба гунае, ки дар мо як амри маъмул шудааст, ба ҷои рангубори мактаб "рангубор”-и воқеиятҳо шурӯъ шуд.

Гулҷаҳон Тоҷиддиноваро билофосила дар мақоми мудири мактаби рақами 14 барқарор карданд ва ҳамаро ҳушдор доданд, ки касе пурсад, бигӯянд, ки ӯро касе барканор накардааст.

Ҳамин тавр, муаллимоне, ки шаби дароз синфхонаи аз гузориши телевизиони давлатӣ машҳуршударо рангубор карданд, дар суҳбат бо намояндаи Дастгоҳи президент гуфтаанд, ки касе онҳоро ба ин кор маҷбур накарда буд, балки ... худашон ихтиёран ба устоҳо ёрдам кардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар видеои нашркардаи "Ахбор” шаби 26 ба 27 феврал ягон усто дар мактаби рақами 14 дида намешуд. Танҳо муаллимон буданд, ки бо кумаки фарзандону наздиконашон синферо, ки рангуборашро ба гардани онҳо бор карда буданд, тармим мекарданд.

Як манбаи сомонаи "Ахбор” аз деҳаи Иттифоқ , ки нахост номаш ифшо шавад, рӯзи 13 март гуфт:"Баъд аз нашри видео директори мактабро дар ҷояш барқарор карданд ва гӯё ҳеҷ кас ӯро аз вазифааш сабукдӯш накардаст. Баъди як рӯз пас аз сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе барои тафтиш омаданд. Вақте гурӯҳи омӯзгорон ҷамъ намуданд, аз онҳо пурсиданд, ки дар ҳақиқат он шаб шумо мактабро таъмир мекардед? Дар ҷавоб гуфтаанд, ки не, мо худамон барои ёрдам ба кумаки устоҳо баромадем.”

 

Ҳоло хонандагони мактаби рақами 14-ро барои идомаи таҳсил ба мактаби тоза соли 2017 бунёдшудаи рақами 15 кӯчондаанд ва омӯзгорони мактаби 14 низ ҳоло дар мактаби 15 дарс медиҳанд. Тармими мактаби 14 ҳоло идома дорад. Танҳо натиҷаи гузориши "Ахбор” ин шуд, ки дигар ба омӯзгорон фишор наоварданд ва онҳо аз масъулияти тармими мактаб халос шуданд.

Чунин буд қиссаи "рангубор”-и ҳақиқат дар Фархор.

назари худро нависед
Ман собик омузгори мактаби тахсилоти миёнаи умумии №14 дехаи Иттифок хаминро гуфтаниам,ки мудири шуъбаи маориф Газалшо Сафаров лаганбардори рохбарияти нохия мебошад ва муаллимонро мачбур кардааст.
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон