АРОБАКАШИ НАВРАСРО МАҶБУРӢ БА МАКТАБ МЕБАРАНД (ВИДЕО)

Ба дасти сомонаи "Ахбор” видеое расид, ки дар бозори "Афросиёб”-и шаҳри Хуҷанд як гуруҳ аробакаши наврасеро иҳота карда, мехоҳанд маҷбур бо худ баранд. Дар посух ба суолҳои раҳгузарон як зан мегӯяд, ки муаллимаи ин наврас аст ва мехоҳанд ӯро ба мактаб баранд. Аммо аробакаш худро ба замин партофта, аз рафтан бо ин одамон саркашӣ мекунад.

 

Ба дасти сомонаи "Ахбор" аз бозори "Афросиёб"-и шаҳри Хуҷанд наворе расид, ки як писарбачаро барои нарафтан ба дарс тӯдаи зиёди одамон сарзаниш мекунанд. Доду гиря ва дар замин нишастани ин писарбача боиси ҷамъ шудани издиҳоми бузурги тамошобинон гардид.

Ҳатто ҷӯгиҳо, ки низ ба тамошои ин ҳолат омаданд, мегуфтанд, ки бачаро сар диҳанд. Дар посух ба онҳо яке аз занҳо мегӯяд, ки муаллимаи ин кӯдак аст ва ҳадафашон ба мактаб бурдани ӯст, ки ба ҷои аробакашӣ дарс бихонад.

Вале аробакаши наврас аз рафтан ба омӯзгоронаш саркашӣ карда, худро рӯи фарши бозор мепартояд ва ба гиря медарояд. Бо кадом сабаб дарсро партофта, аробакашӣ кардани ин наврас маълум нест, вале дар видео дида мешавад, ки атрофиён аз ӯ даъват мекунанд, ки ба дарс биравад.

Дар бозорҳои Тоҷикистон даҳҳо аробакаши наврасро вохӯрдан мумкин аст, ки ба дарс нарафта аробакашӣ мекунанд. Онҳо маъмулан аз хонаводаҳои камбизоат буда, аз чунин синни хурд бори аробаи рӯзгори оилаҳои худро ба дӯш гирифтаанж.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон