БОЗ 10 ГУЗАРГОҲ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН БО ӮЗБЕКИСТОН КУШОДА ШУД

Рӯзи 1 март дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон 9 гузаргоҳ ва як посгоҳи марзӣ баъди чандин соли баста будан аз нав кушода мешаванд. Аз 1 март бояд роҳи ҳани Тирмиз Қурғонтеппа низ дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Бар асоси қарори ҳукумати Ӯзбекистон аз 21 феврал, бояд аз 1 март ин гузаргоҳҳо дар марз бо Тоҷикистон расман кушода шаванд:

1.Гузаргоҳи Ҷартеппа дар марзи Панҷакент бо Самарқанд

2.Гузаргоҳи "Қӯшкент” дар марзи ноҳияҳои Деваштич бо Ҷиззах

3.Гузаргоҳи "Ӯчқӯрғон” дар марзи Зафаробод бо Ҷиззах

4.Гузаргоҳи "Хавособод” дар марзи ноҳияи Спитамен бо вилояти Сирдарё

5.Гузаргоҳи "Бекобод” дар марҳи Спитамен бо вилояти Тошканд

6.Гузаргоҳи "Поп” дар марзи ноҳияи Ашт бо вилояти Намангон

7.Гузаргоҳи "Равот” дар марзи Конибодом бо вилояти Фарғона

8.Гузаргоҳи "Гулбаҳор” дар марзи ноҳияи Шаҳритӯс бо вилояти Сурхондарё

9.Гузаргоҳи роҳи оҳани "Амузанг” дар байни истгоҳи Хошадӣ бо вилояти Сурхондарё.

Ҳамчунин аз 1 март дар деҳаи Ҷартеппаи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд дар марз бо Панҷакент як посгоҳи марзӣ аз 1 март кушода мешавад.

Ин дар ҳолест ки дар 8 соли охир аз 16 гузаргоҳи қаблӣ дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ҳамагӣ 2 гузаргои "Турсунзода Сариосиё” ва "Фотеҳобод Ойбек” амал мекард ва бақия аз даврони Ислом Каримов баста буданд.

Моҳи феврал Ӯзбекистон ду гузаргоҳи Андархон Патар дар марзи вилояти Фарғона бо Конибодом ва гузаргоҳи Қӯштегирмон дар марз бо ноҳияи Аштро фаъол кард.

Равобити Тоҷикистону Ӯзбекистонки дар даврони Ислом Каримов дар тӯли беш аз ду даҳсола якмарҳалаи пуртаниши шабеҳи ҷанги сардро пушти сар кардбаъди даргузашти Каримов дар моҳисентябри соли 2016 ваба мақоми роҳбари аввали Ӯзбекистон расидани Шавкат Мирзиёев рӯ багармшавӣ овардМирзиёев ахиран дар як суханрониаш ба зарурати беҳбуди муносибатҳои Тошкандбо ҳамсояҳоаз ҷумла бо Тоҷикистон таъкид кард ва гуфт,"ҳамсояи бадро ҳатто Худо ҳамнамебахшад.Мирзиёев гуфт, ба ин хотир, ӯ бо шартномаҳои "катта-катта” ба Тоҷикистон меравадва аз ҷумла табодули нирӯи барқ ва равуои қаторҳои роҳи оҳан бо ин кишвари ҳамсояи Ӯзбекистонробарқарор хоҳад кард.

Сафари давлатии Мирзиёев ба Тоҷикистон рӯзҳои 9 ва 10 март доир мешавад. Интизор меравад, дар ҷараёни ин сафар байни ду кишвари ҳамсоя ҳудуди 20 созишнома ба имзо бирасадкимуҳимтаринҳояш аз сар гирифтани харидуфурӯши нирӯи барқ ва газ байни Ӯзбекистону Тоҷикистон, барқарор кардани роҳи оҳани Тирмиз  Амузанг  Қӯрғонтеппа ва шартнома дар бораи тартибиравуои шаҳрвандон астки ба сокинони ду кишвар имкон медиҳад бидуни виза барои муддати то 30 рӯз ба қаламрави кишварҳои якдигар сафар кунанд.

Дар пешорӯи сафари Мирзиёев ифтитоҳи 8 гузаргоҳи марзии басташуда дар марзи Ӯзбекистон боТоҷикистон дар назар гирифта шудаастРоҳи оҳани Тирмиз -Амузангягона масири роҳи оҳан бавилояти Хатлони Тоҷикистонки соли 2011 аз ҷониби Ӯзбекистон барчида шудбояд алакай то 1 март ба истифода дода шавад.

Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низбоздид мекунадБа Мирзиёев дар инҷо унвони профессори фахриро хоҳанд дод.

Ҳамчунин шоми 9 март дар Кохи Борбад як консерти бузурги ситораҳои аввали ӯзбеку тоҷикбаргузор хоҳад шудБино ба иттилои дарёфтӣдар ин консерт аз ҷониби Ӯзбекистон аз ҷумла ЮлдузУсмоноваФаррух ЗокировШералӣ ҶӯраевОзодбек Назарбек ва аз ҷониби Тоҷикистон ДавлатмандХоловНигина АмонқуловаРустам Дулоевансамбли "Шашмақом”Ҷӯрабек Муродов ва дигарҳунармандони шинохта ширкат мекунанд.

Аз 7 март дар Кохи Борбад ҳамчунин барои сокинон ва меҳмонони пойтахти Тоҷикистон намоишгоҳва фурӯши маҳсулоти Ӯзбекистон доир карда мешавад.

Содиқ Имомӣсафири Тоҷикистон дар Тошканд дар мусоҳиба бо хабаргузории УзА гуфтдарДушанбе ба сафари Мирзиёев бо таваҷҷуҳи хосе нигоҳ мекунанд ва назорати тамоми масоилиомодагӣ ба ин сафарро бевосита худи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба даст гирифтааст.

Абдуфаттоҳ Шарифзодасухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон сафари давлатии Мирзиёевро яксафари таърихӣ номидаба радиои "Озодӣ гуфтааст,аз тарафи Тоҷикистон барои ин сафар ҳама чизомода ва мувофиқа шудааст:"Аксарияти санадҳоеки дар ҷараёни мулоқотинахуствазири Узбакистон ба Тоҷикистон омода шуданд ва, ҳамчуниндар ҷараёнисафари ҳайати баландпояи Тоҷикистон ба Тошканд таҳия шудандба имзо хоҳандрасидБисёр масъалаҳо роҳи ҳалли худро пайдо намуданд."

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон