РАҲОИИ 15 МАҲБУС АЗ ЗИНДОНИ РАҚАМИ ЯКИ ДУШАНБЕ (ВИДЕО ВА 8 АКС)

Рӯзи 27 феврал якбора 15 маҳбус баъди адои ҳукм аз маҳбаси рақами яки шаҳри Душанбе озод шуданд. Онҳо мегӯянд, шукри Худо мекунанд, ки баъди солҳои тӯлонӣ дубора нафаси озодӣ мекашанд ва орзу доранд, ки касе пушти панҷара наафтад. Дар зиндонҳои Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир беш аз 10 ҳазор маҳбус адои ҳукм мекунанд.

 

Ин навбат 15 нафар ба озодӣ баромаданд. Дар байни онҳо маҳбусоне ҳастанд, ки солҳои гуногунро пушти панҷара сипарӣ кардаанд ва ҳоло мегӯянд, шукри Худо мекунем, ки баъд аз солҳои тӯлонӣ пайвандонамонро дар озодӣ мебинем.

Рӯзи 27 феврал як гурӯҳи зиндониёнро аз маҳбасхонаи №1-и шаҳри Душанбе озод карданд. Яке аз пайвандони собиқ маҳбусиҳо, ки нахост номаш ифшо шавад, дар суҳбат ба сомонаи "Ахбор” гуфт, ки шукри Худо мекунам, ки баъди солҳои тӯлонӣ боз пайвандамро дар озодӣ мебинам: "Инсон ҳамеша хатокор аст, вале ин маънои онро надорад, ки то охир мо номи сиёҳ дошта бошем. Чуноне худатон шоҳид ҳастед, нафароне, ки ҷамъ шудаанд, 90 фисадаш барои пешвози бародар, ҳамсар, писар, набера ва хулоса ягон пайвандашон омадаанд. Дар баробари пайванди мо боз 14 маҳбуси дигарро озод карданд. "

"Шукр мекунам, ки ба озодӣ баромадам ва муддате, ки дар зиндон будам, тамоми пастиҳои зиндагиро омӯхтам ва аз ин пас ҳатто обро пуф карда менӯшам,” – гуфт яке аз собиқ маҳбусон, ки ба шарти овардани номаш суҳбат кард.

Бонуи тақрибан 50-сола, ки фарзандаш ҳанӯз дар маҳбас аст, дуо мекард, ки Худо рӯзи онҳое, ки имрӯз ба озодӣ мебароянд, ба сари ман ҳам биёяд ва писарамро дар хонаам бубинам.

Санаи 27 феврали соли ҷорӣ дар назди маҳбаси №1-и шаҳри Душанбе мардуми зиёд ҷамъ омада буданд, ки ҳамагӣ интизории берун шудани пайвандони худро мекашиданд. Билохира соати наздик ба дувоздаҳ аввалин озодшуда берун шуд ва ҳамин тариқ 15 нафар якояк ба озодӣ баромаданд.

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон