ВИДЕО ВА 6 АКС АЗ МАҲАЛЛИ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР РОҲИ ХУҶАНД – ҒАФУРОВ

  • 13.02.2018, 11:40,
  • Ҷомеа
  • Хонанда: 1 004
  • 0

Рӯзи 11 феврал, соати тахминан 13:30 бар асари ба ҳам бархӯрдани як мошини сабукрави "Опел-Вектра” ва мошини боркаши ЗИЛ дар роҳи Хуҷанд – Ғафуров ронандаи ҳарду мошин ба ҳалокат расида, як мусофири "Опел” маҷруҳ шуд. Ин 6 акс ва видеоро шоҳидони айнӣ дар ҷои ҳодиса сабт кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки 11-уми феврали соли 2018, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра”, Наҷмиддинов Саидҷон Бурхонхоҷаевич, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди "Хуҷанд-Ғафуров”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Исфисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "ЗИЛ”, таҳти идораи Эрмадов Атҳам Рустамович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, бархӯрдааст.

Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра” Наҷмиддинов С. ва ронандаи автомашинаи тамғаи "ЗИЛ” Эрмадов А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, мусофири дохили автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра” Қодиров Умед, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Видеоро Акмал Алимбаев ба сомонаи "Ахбор” фиристод.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон