расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

Асосӣ / Сиёсат

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд


15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба 700-солагии зодрӯзи шоири тоҷик Камоли Хуҷандӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд истиқбол гирифтанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафар дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии зодрӯзи шоири классики тоҷик Камоли Хуҷандӣ ширкат варзида, бо сокинони вилоят суҳбату мулоқотҳо анҷом медиҳанд, як қатор корхонаҳои саноатиро ифтитоҳ бахшида, барои сохтмони иншооти нав санги асос мегузоранд ва бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ шинос мешаванд.
Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд 15.10.2020

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.