ТАВАҶҶУҲ!!! ДАРЁФТИ ҶАСАДИ ШАХСИЯТАШ НОМАЪЛУМ ДАР ДАНҒАРА (АКС)

Мақомоти милисаи ноҳияи Данғара ҷасади як ҷавонмарди тақрибан 25-30-соларо пайдо кардаанд. Ӯ дар танаш курткаи сиёҳ, жемпери хокистарранг, шими ҷинси кабуд дошта, ангушти хурди дасти чапаш то нохун нест. Агар касе ин одамро шиносад, бо рақамҳои (83312) 2-14-60, 900 16 37 54, 905 77 97 97, 884-88-90-91 ба қисми навбатдории ШВКД дар ноҳияи Данғара занг занад.

 

Аз навори хабарҳои рӯзи 23 январ маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

 

Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Данғара ҷасади марди шахсияташ номаълум, тахминан 25-30-сола, бе аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.

Нишонаҳои ҷасад: қадаш тахминан 170-175 см, сабзинарӯй, мӯи сараш сиёҳ, дар танаш курткаи рангаш сиёҳ, жемпери хокистарранг, шими ҷинси рангаш кабуд, дар пояш пойафзоли варзишии хатҳои ранги зард дошта, ангушти хурди дасти чапаш то нохун нест.
Бо назардошти ин, аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати муайян намудани шахсияти ҷасади мазкур бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ намуда, агар маълумоте дошта бошед, ба қисми навбатдории ШВКД дар ноҳияи Данғара бо рақамҳои(83312) 2-14-60, 900 16 37 54, 905 77 97 97, 884-88-90-91занг занед.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон