расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Фавти шумори рекордии беморон дар Русия аз Covid-19

. / Ҷомеа

Фавти шумори рекордии беморон дар Русия аз Covid-19


Сурат: ТАСС
Шабонарӯзи гузашта дар Русия 286 нафар беморони аз коронавирус сироятёфта фавтиданд, ки нишондиҳандаи рекордӣ дар тамоми замони пандемия аст.
Тавре ВВС хабар медиҳад, дар ҳошияи афзоиши шумори сироятёфтагон аз Covid-19 ҳукумати ин кишвар изҳор мекунад, ки тарабхонаву мағозаҳо алҳол метавонанд бо реҷаи муқаррарӣ кор кунанд, инчунин марҳилаи нави барномаи имтиёзнок (кэшбэк) дар бахши сайёҳиро роҳандозӣ мекунанд.
Дар ин шабонарӯз дар Русия шумори рекордии фавт аз Covid-19 - 286 нафар сабт шуд. Рекорди аввал ду рӯз пеш, 13 октябр гузошта шуда, дар ин рӯз ситод дар бораи фавти 244 нафар хабар дод.
Чанде пеш афзоиши шабонарӯзии сироятёфтагон аз коронавирус 14 ҳазору 231 ҳолатро ташкил дод, ки бори нахуст беш за 14 ҳазор нафар аст. Моҳи сентябр афзоиши шумори шабонарӯзӣ аз 5 то 10 ҳазор, рӯзи 9 октябр - ба беш аз 12 ҳазор ва рӯзи якшанбе - ба зиёда аз 13 ҳазор кас расид.
Дар Русия аз замони оғози пандемия ҳамагӣ 1 млн 354 ҳазору 163 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, 1 млн 048 ҳазору 097 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтанд. Шумори фавтидагон аз ин беморӣ 23 ҳазору 491 нафарро ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.