расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Аз Русия ба Тоҷикистон боз 50 омӯзгори рус оварданд

. / Ҷомеа

Аз Русия ба Тоҷикистон боз 50 омӯзгори рус оварданд

Ин омӯзгорон, қарор аст дар 22 мактаби кишвар ба тадрис бипардозанд

Сурат: сафорати Русия дар Тоҷикистон
Имрӯз боз 50 омӯзгори дигар аз Русия барои тадриси хонандаҳои тоҷик ба Тоҷикистон омаданд. Ин омӯзгорон дар 22 мактаби Тоҷикистон аз фанҳои гуногун дарс хоҳанд гуфт.
Бино ба иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, ин омӯзгорон дар  22 мактаб, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ, Спитамен ва дигар шаҳракҳои ҷумҳурӣ бо забони русӣ ба хонандагон дарс хоҳанд дод ва ба ҳамкасбони тоҷики худ ёрии методӣ мерасонанд.
Гуфта мешавад, ки омӯзгорон дар соли таҳсили ҷорӣ дар доираи лоиҳаи башардӯстона, ки таҳти сарпарастии Шӯрои Федеролии Маҷлиси Федеролии Русия ва Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, кор хоҳанд кард.

Лоиҳаи башардӯстона барои таъмини кори омӯзгорони фанҳои русӣ дар мактабҳо аз ҷониби Вазорати маорифи Русия дар Тоҷикистон аз соли 2017 амалӣ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки қарори роҳандозии лоиҳаи эъзоми омӯзгорони Русия ба Тоҷикистон соли 2017 дар сатҳи сарони ҳарду кишварҳо – Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон қабул шуда буд.
Ҷониби Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, ки омӯзгорони Русияро дар Тоҷикистон бо манзили ройгон, маоши кофӣ ва инчунин ҷубронпулӣ барои хароҷоти сафари ҳавоӣ таъмин намояд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.