расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ширкати туркӣ дар Варзоб ду майдони бозии футбол месозад

Асосӣ / Ҷомеа

Ширкати туркӣ дар Варзоб ду майдони бозии футбол месозад

Майдонҳо дар маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон сохта мешаванд.

Сурат: ФФТ
Ширкати маъруфи туркии «Hatko Sport» дар тендер оид ба сохтмони ду майдони бозии футбол дар маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар ноҳияи Варзоб ғолиб шуд.
Дар робита ба пандемияи COVID-19 сохтмони ду майдони бозии футбол бо меъёрҳои ФИФА - 1-тоаш табиӣ ва 1-тои дигараш сунъӣ бо андозаи 104 ба 68 метр дар маркази техникии Федератсия дар Варзоб ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуда буд.
Ширкати «Hatko Sport»-и Туркия, ки дар тендер ғолиб омад, ба наздикӣ корҳои сохтмони ду майдони бозии футболро оғоз мекунад.
Қобили зикр аст, ки маркази техникии ФФТ дар як гӯшаи хушманзараи Варзоб сохта шуда, ба сифати пойгоҳи машқу омодагӣ барои футболбозони дастаҳои мунтахаби ҳамаи синнусол пешбинӣ мешавад.
Маркази техникии Федератсия аз меҳмонхона, маркази тиббии тавонбахшӣ, майдонҳои машқ, толори пӯшида ва дигар иншооти зарурӣ иборат хоҳад буд.
Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои ФИФА ва ФФТ амалӣ мешавад, вале миқдори маблағ зикр нашудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.