расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Амрико аз интихоботи Тоҷикистон розист

Асосӣ / Сиёсат

Амрико аз интихоботи Тоҷикистон розист


Аз дидани он хушҳолем, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт
Департаменти давлатии ИМА дар сафҳаи твитерии Бюрои умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна навишт: “Аз дидани он хушҳолем, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт. Аммо ҳамоно ислоҳоти муҳиме бояд амалӣ карда шавад, ки аз ҷониби саҳа/odihr барои кафолати шароити зарурии интихоботи демократӣ тавсия шудааст.”Бо эълони пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии 11-уми октябр раҳбарони Русияву Чин ва Белорусу Қазоқистону Узбекистон, Эрон ва давлатҳои араб ӯро табрик карданд. Иттиҳоди Аврупо бо нашри як баёнияи расмӣ дар бораи интихоботи президентии Тоҷикистон гуфт, ҳукумат бояд талошҳои чашмгире ба харҷ бидиҳад, то интихоботҳояш мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва демокративу холисона сурат бигирад.Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, гуфт, арзёбии ниҳоии коршиносон бо шумули машваратҳо ҷиҳати ислоҳи раванди интихобот тақрибан пас аз 8 ҳафта нашр хоҳанд шуд. Ин коршиносон бештар рӯйи ташкил ва ё мудирияти маъракаи интихобот, сармоягузории маъракаи таблиғотӣ ва шеваи бозтоби интихобот дар расонаҳо тамаркуз хоҳанд кард.Дар ин интихобот панҷ номзад ширкат варзиданд ва эълон шуд, ки дар муқобили номзадҳо начандон номдор ба Эмомалӣ Раҳмон 90,92 дарсад ( 3 миллиону 837 ҳазор) нафар раъй додаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.