СЕ ҲАМЛАИ ЗАНҲОИ ТОҶИК БА ШАВҲАРОНИ СОБИҚАШОН ДАР ЯК ҲАФТА

Танҳо дар як ҳафтаи охири соли 2017 дар Тоҷикистон се ҳамлаи занҳо ба шавҳарони собиқашон сабт шудааст. Дар ду маврид ҳамсарони собиқ шавҳарони собиқи худро корд зада, дар як мавриди дигар зан хонаи шавҳари пешинашро оташ задааст. Охирин чунин ҳодиса шаби 29 декабр дар ноҳияи Шаҳринав рух додааст.

 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки як зани 40-сола, ки муваққатан дар деҳаи Навбаҳори ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Шаҳринав зиндагӣ мекунад, бо иттиҳоми расондани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шудааст.

Бино ба гузориши вазорати дохила, ин зан шаби 29 декабри соли 2017, соати тахминан яки шаб "дар манзили истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо собиқ шавҳараш, марди 35 сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳринав ҷангу ҷанҷол намуда бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба шикамаш задааст. Дар натиҷа собиқ шавҳараш марди 35 сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Зан ҳоло дар боздошт қарор дошта, тафтиши ҳодиса идома дорад.

Танҳо дар як ҳафтаи охири моҳи декабр ин алакай сеюмин мавриди ҳадафи ҳамлаи хушунатомези ҳамсаронашон қарор гирифтани мардон аст.

Қаблан гузориш шуда буд, ки як зани 31-солаи сокини кӯчаи Неъмат Қаробоеви шаҳри Душанберо бо иттиҳоми авбошӣ дастгир кардаанд. Аз болои ин зан шавҳари собиқа – сокини 31-солаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба шӯъбаи корҳои дохилии ин ноҳия шикоят кардааст.

Ба гуфтаи мард, шоми 28 декабр, "тахминан соати 17:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш собиқ ҳамсараш зани 27-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба тарафи чапи гарданаш задааст.Дар натиҷа марди номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.

Ҳамин тавр, ҳафтаи гузашта мақомоти милиса як зани 41-солаи сокини ноҳияи Файзободро ҳамчун гумонбар дар қасдан несту нобуд кардани амволи шавҳари собиқаш дастгир карданд. Гуфта мешавад, ки ин зан рӯҳи 24 декабр, соати тахминан даҳи субҳ бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили шавҳари собиқи 47-солааш дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шуда, хонаро оташ задааст. Зарари расонидашуда ба соҳибмулк 8000 сомонӣ ҳисобукитоб шудааст.

 

Ҳамчунин пештар гузориш шуда буд, ки шоми 4 декабр Шоҳсанам Баҳронова, сокини 22-солаи шаҳраки Ғафуров шавҳари 22-солааш Ҷонибек Остоновро бо як зарби корд куштааст. Мақомот мегӯянд, ҷанҷоли хунин байни ин зану шавҳар дар манзили онҳо дар кӯчаи Садовая, 10, "аз сабаби нофаҳмии ногаҳон бамиёномада” рух дода, Шоҳсанам дар ҷараёни муноқиша бо корди хоҷагидории дар дасташ буда, як маротиба ба қафаси синаи шавҳараш задааст.

Дар натиҷа Остонов Ҷонибек ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошт ва ӯро ба беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бурданд, вале шаби 4 ба 5 декабр ӯ дар беморхона ҷон дод.

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон ҳодисаҳои нангини куштори аъзои хонавода, аз ҷумла куштани зан аз дасти шавҳар ваё баракс, қатли падар аз ҷониби писар, зинда ба зинда сӯзонидани зан аз ҷониби шавҳар, латукӯби фарзанди ноболиғ аз ҷониби падарон зиёд расонаӣ мешавад.

Аз ҷумла Матлуба Хоҷаназарова, модари 4 фарзанд ва омӯзгори забони англисии мактаби деҳаи Муллодавлати ҷамоати Гулистони шаҳри Ваҳдатро шаби 25-октябр шавҳараш аз сари рашк бензин рехта оташ зад. Дар натиҷа Матлуба рӯзи 31-октябр дар бемористон ҷон дод ва шавҳараш - табиби анастезиолог Иброҳим Камолов ҳоло дар ҳабс қарор дорад.

Ҳамчунин рӯзи 26 август як марди 43-солаи сокини ҷамоати Сешанбеи Турсунзода дар ҳолати мастӣба қафаси синаи ҳамсари 34-солааш бо корди хоҷагӣ як зарба задЗани захмиро ба бемористонбурданд ва шавҳари бадҷаҳлро боздошт кардандРӯзи 26 сентябр як сокини 51-солаи ҷамоатиТӯйчиеви Турсунзода низ дар ҳолати мастӣ ба шиками ҳамсари собиқаш як корд задЗани бечорадар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

Рӯзи 2 ноябр Абдулмаҷид Бердиев ном сокини 56-солаи деҳаи Чорбоғи Истаравшан ҳамсари собиқи40-солааш Нигора Қулиеваро дар ҷои кораш  бозори Истаравшан бо корд зада кушт. Нигора Қулиева қаблан ҳамсари дуюми Бердиев буд ва дар бозори Истаравшан ба фурӯши ҷавоҳирот машғулбудАз ӯ ду фарзанд ятим монд.

Шаби 2 ба 3 октябр дар шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Кенҷабоев Фарҳоддар пайи хуруҷи бемории рӯҳӣ ҳамсараш Кенҷабоева Гулнозаро бо зарби теша куштабаъданхудашро дар оғил ба дор овехт.

Шаби 5 октябр Абдураҳмон Бадиевсокини 71-солаи деҳаи Гулзори ноҳияи Бохтар дар пайи якмуноқишаи оилавӣ ҳамсари 45-солааш Шакармоҳ Бадиеваро 5 корд ва духтари 16-солааш Ҳадиса Бадиеваро 4 корд зад. Мӯйсафед баъди ин худро дар як дарахт дар боғи хонааш ба дор овехтахудкушӣ кардааст.

 

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон