расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Садамаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои кишвар

Ҷомеа / Ҳаводис

Садамаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои кишвар

Рӯзи 9-уми октябри соли 2020, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Прадо», Ҳабибуллоев Ҳасан, соли таваллудаш 1986, соҳибкор, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар роҳи «Душанбе-Чаноқ-Хуҷанд», аз самти Душанбе ба самти шаҳри Истаравшан, дар ҳудуди мавзеи «Тагоби Хушекати»-и ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба канори рости роҳ баромада, ба ҷарии чуқуриаш тахминан 700 метр чаппа шудааст. 
Дар натиҷа, худи ронанда Ҳабибуллоев Ҳ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 11-уми октябри соли 2020, тахминан соатҳои 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Қурбонзода Абдукарим Тоғоймурод, соли тавалулдаш 1997, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти К.Исмоилов ба самти маркази шаҳри Ваҳдат дар роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Чиртак, аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Шомаҳмадов Шомаҳмад Қулович, соли таваллудаш 1961, сокини деҳаи Гирдобро, ки аз тарафи рост ба чапи роҳ мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, Шомаҳмадов Ш.Қ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, 11-уми октябри соли 2020, тахминан соатҳои 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “КАМАЗ 5511”, Савзазода Муҳаммад Зиёдалӣ, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи М.Турсунзодаи ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Амирҳамзаи Ҳасан, соли таваллудаш 2004, хонандаи синфи 10-уми МТМУ, сокини деҳаи Файзободи ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Амирҳамзаи Ҳасан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, 11-уми октябри соли 2020, тахминан соатҳои 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Синотрук», ки ба ширкати ҶДММ «Собир-Сам» тааллуқ дорад ва дар қисмати болои автомобил трактори мумфаршкунандаи роҳ «каток» дошт, таҳти идораи Файзуллоев Савза Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Уялии ноҳияи Хуросон трактори мумфаршкунандаи роҳ «катот» аз болояш ба қафо афтида, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», ки дар канори рости роҳи мошингард истода буд, бархӯрда ва пасон ба тарафи чапи роҳи мошингард ҳаракат намуда, пиёдагард Қурбонова Гулрухсор Холназаровна, соли таваллудаш 1975, сокини деҳаи Н.Асадуллоро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Қурбонова Г.Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 11-уми октябри соли 2020, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Холматов Муним Ҷумабоевич, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар ҳудуди деҳаи Оби-Зулоли шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-Актрос», таҳти идораи ронанда Музафаров Илҳомҷон, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Холматов М.Ҷ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.