расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Нақшаи 2,4 баробар афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти саноати мошинсозии Тоҷикистон то соли 2025

. / Ҷомеа

Нақшаи 2,4 баробар афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти саноати мошинсозии Тоҷикистон то соли 2025

Бо ин мақсад ҳукумат сармоягузориҳоро аз дохил ва хориҷи кишвар ҷалб карданист.

Сурат: Asia-Plus
Ҳукумати Тоҷикистон афзоиши назарраси ҳаҷми маҳсулоти саноати мошинсозии кишварро дар зарфи панҷ соли наздик ба нақша гирифтааст.
Дар Барномаи рушди саноати мошинсозӣ дар давраи солҳои 2020-2025, ки охири моҳи гузашта аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуд, дар ин бора маълумот дода мешавад.
“Ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳа дар ин давра 2,4 баробар зиёд мешавад (афзоиши солонаи маҳсулоти соҳаи мошинсозӣ дар ҳудуди аз 10 то 12% пешбинӣ шудааст)”, - қайд мешавад дар санад.
Барнома ба сифати санади дастурамл дар ҷараёни гузариши иқтисоди кишвар аз аграрӣ-саноатӣ ба индустриалӣ-аграрӣ дар давраи то соли 2025 амал мекунад.
Барои амалисозии Барнома ҷалби сармоягузориҳо аз ҳамаи сарчашмаҳои мавҷуда, аз ҷумла аз дохил ва хориҷи кишвар пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, давоми солҳои 2018-2019 ҷумҳурӣ барои тавсеъаи фондҳои асосии корхонаҳои саноати мошинсозӣ 65 млн доллар сармоягузорӣ ҷалб намуд.
“Маблағгузорӣ асосан ба таъсиси корхонаҳои нави соҳаи мошинсозӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ, афзоиши номгӯйи маҳсулот, ҷорисозии технологияҳои нав, автоматикунонии ҷараёни истеҳсолот ва ивази таҷҳизоту механизмҳои фарсудашуда равона мегарданд”, - қайд мешавад дар санад.

Сохтори саноати мошинсозии Тоҷикистон аз соҳаи коркарди фулузот (металл) ва истеҳсоли маҳсулоти фулузотӣ, коркарди аввалияи алюминий ва истеҳсоли маҳсулоти алюминӣ, истеҳсоли техникаҳои гуногун ва мошинҳои кишоварзӣ, автобусҳои гуногунтамға, истеҳсоли таҷҳизоти электротехникӣ ва электронӣ, истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ ва корхонаҳои хурд оид ба коркарди оҳанпора ва партовҳои фулузоти сиёҳ ва ранга иборат аст.
Соли 2019 корхонаҳои саноати мошинсозӣ ба маблағи зиёда аз 2 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Соли 2019 ҳиссаи соҳаи мошинсозӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии кишвар 7,4%-ро ташкил дод.
То аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 295 корхонаҳои саноати мошинсозӣ амал мекарданд. Аксарияти онҳо ба коркарди фулузот ва истеҳсоли маҳсулоти фулузотӣ машғул буда, ҳудуди 25%-и онҳо техникаҳои гуногун истеҳсол мекунанд.
Ҳиссаи корхонаҳои давлатӣ дар шумори умумӣ 21%-ро ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.