расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Умарбоев ва Султонов – гаронтарин футболбозони Тоҷикистон

. / Варзиш

Умарбоев ва Султонов – гаронтарин футболбозони Тоҷикистон

Дар даҳгонаи аввал 5 нафар аз Ҷопон, 3 футболбоз аз Корея ва 2 бозингари Эрон зикр шудаанд.

Парвиз Умарбоев
Сурат: ДФФК "Локомотив" (Пловдив)
Портали олмонии Transfermarkt рейтинги гаронтарин футбобозони қораи Осиёро ба нашр расонид.
Дар даҳгонаи гаронтарин футболбозони Осиё 5 нафар аз Ҷопон, 3 футболбоз аз Корея ва 2 бозингари Эрон зикр шудаанд.
Сурат: Трансмаркет
Зинаи аввалро ҳамлагари тими “Тоттенхэм”-и Англия Сон Хин Мин ишғол кард, ки 64 млн евро нархгузорӣ шудааст. Миёни футболбозони тоҷик гаронтарин бозингар Парвизҷон Умарбоев дониста шудааст.
Байни футболбозони Тоҷикистон Transfermarkt Парвизҷон Умарбоев ва Муҳаммад Султоновро номбар карда, нархи Парвизчон Умарбоевро 600 ҳазор ва Муҳаммад Султоновро - 500 ҳазор евро муқаррар кардааст.
Парвизҷон Умарбоев дар дастаи “Локомотив” (Пловдив)-и Булғористон бозӣ карда, имсол бо дастааш ба дарёфти Ҷоми футболи ин кишвар ноил гардид ва дар мусобиқаи даври интихобии Лигаи Аврупо бозӣ кард.
Муҳаммад Султонов соли гузашта дар ҳайати дастаи “Ротор” (Волгоград” дар Лигаи якуми футболи Русия бозӣ кард. Дар ин мавсим ӯ ба дарвозаи ҳарифон 9 тӯб равон карда, дар ба Премйер-лига баромадани дастааш саҳми арзанда гузошт. Чанде қабл ӯ ин дастаро тарк карда, ба тими Лгаи якум - “Нижний Новгород” гузашт.

10-гонаи гаронтарин футболбозони қораи Осиё:
1. Сон Хин Мин («Тоттенхэм») – 64 млн евро;
2. Такефуса Кубо («Реал», дар иҷораи «Вилярреал») – 30 млн;
3. Ли Кан Ин («Валенсия») – 20 млн;
4-5. Такехиро Томиясу («Болоня»), – 18 млн;
4-5. Сардор Озмун («Зенит») – 18 млн;
6. Хван Хи Чхан («РБ Лейпсиг») – 15 млн;
7-8. Даити Камада («Айнтрахт») – 12 млн;
7-8. Сея Накадзима («Порту») – 12 млн;
9-10. Такуми Минамино («Ливерпул») – 10 млн;
9-10. Меҳдӣ Тареми («Порту») – 10 млн.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • OKBet | Гости

    A very awesome blog post. We are really grateful for your blog post. You will find a lot of approaches after visiting your post.

    PBA  

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.