ҲОҶӢ АКБАР ТӮРАҶОНЗОДА МАРИЗ ШУДААСТ

Афроди наздик ба хонаводаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори маъруф мегӯянд, ки ӯ вақтҳои охир аз дарди шадиди пойҳояш азият мекашад. Ба гуфтаи ин манобеъ, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода бо қуввати асо роҳ меравад ва ҳатто чанд рӯз аз ҳаракат мондааст.

 

Афроди наздик ба хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо рӯзи 1 декабр дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” гуфтанд, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, қозии собиқи мусалмонони Тоҷикистон ва муовини собиқи сарвазири ин кишвар, чанд муддати ахир аз дарди шадиди пойҳояш азоб мекашад. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ба иллати дарди пой дар ин авохир бо қуввати асо қадам мемонад ва ҳатто чанд рӯз комилан аз пой мондааст.

Ҳамсӯҳбатони "Ахбор” мегӯянд, табибон дар мавриди иллати дарди пойҳои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода фикрҳои мухталиф мегӯянд ва ӯ ба хотири ташхису табобат моҳи октябр ба Эрон ҳам сафар кардааст.

Худи аъзои хонаводаи Тӯраҷонзода ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва аъзои дигари хонаводаи пурнуфузи Тӯраҷонзода дар солҳои охир дар зодгоҳи худ – деҳаи Ваҳдатобод (собиқ Туркобод)-и Ваҳдат гӯшанишиниро ихтиёр кардаанд ва дар маҳзари ом хеле кам зоҳир мешаванд.

Бори охирин исми Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва бародарони низ машҳураш – Эшони Нуриддинҷон ва Эшони Маҳмудҷон – моҳи октябр вақте тавассути як гузориши сомонаи "Ахбор” расонаӣ шуд, ки онҳо ба ноҳияи Данғара барои фотиҳахонӣ ба манзили Нуриддин Раҳмон – бародари калонии президент Эмомалӣ Раҳмон рафтанд. Нуриддин Раҳмон рӯзи 7 октябр дар синни 67 аз сактаи қалб даргузашт ва дар оромгоҳи Мавлоно Тоҷиддин дар зодгоҳаш – Данғара ба хок супурда шуд.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода16 феврали соли 1954 дар деҳаи Туркобод (ҳоло Ваҳдатобод)-и ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) дар хонаводаи рӯҳонии шинохта Эшони Тӯраҷон ба дунё омадааст. Эшони Тӯраҷон яке аз пешвоёни равияи Қодирияи тариқати тасаввуф дар Тоҷикистон шумурда мешуд ва дар Узбекистону Қазоқистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ ҳазорон мурид дошт.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода нахустин таҳсилоти диниро пеши падараш гирифта, баъди хатми мактаби миёна дар соли 1972 ба мадрасаи "Мири Араб”-и Бухоро дохил шуд. Ӯ соли 1977 ин мадрасаро ба поён расонда, шомили Донишгоҳи исломии ба номи Имом Бухории шаҳри Тошканд, танҳо мактаби олии мазҳабӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ шуд ва соли 1980 ин донишгоҳро хатм кард.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода солҳои 1980-1982 дар шӯъбаи равобити хориҷии Идораи динии мусалмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистон, маъруф ба САДУМ, кор карда, соли 1982 барои идома таҳсил ба Урдун рафт ва соли 1987 факултаи Шариати Донишгоҳи Урдунро хатм кард.

 

Баъди бозгашт аз Урдун Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ду сол – солҳои 1987-1988 – дар Донишгоҳи исломии Тошканд устоди фанҳои фиқҳ ва ҳадис буд.

Соли 1988 Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки ҳамагӣ 34 сол дошт, раҳбари Идораи мусалмонони Тоҷикистон интихоб шуд. Ин идора дар он даврон бо номи Қозиёт маъруф буд ва Тӯраҷонзодаро ба ин далел қозии мусалмонони Тоҷикистон ном мебурданд.

Исми Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар ибтидои соли 1990, ҳангоми миёнаравиаш байни тазоҳургарон ва ҳукумат дар рӯзҳои гирдиҳамоиҳои хунини моҳи феврал дар Душанбе расонаӣ шуд. Ӯ дар поёни моҳи феврали соли 1990 аз ҳавзаи Карим Исмоилови ноҳияи Орҷоникидзеободо вакили Шӯрои олӣ – парлумони вақти Тоҷикистон интихоб шуд.

Солҳои 1990- 1992 даврони пуршӯре дар таърихи ҳаракатҳои милливу озодихоҳӣ ва мазҳабӣ дар Тоҷикистон буд ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар ин ҳодисот ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, ба шӯҳрат ва нуфузи фавқулоддае дар ҷомиа соҳиб шуд. Тӯраҷонзода дар гирдиҳамоиҳои тирамоҳи соли 1991 ва баҳори соли 1992 аз мухолифин ҳимоят кард ва аз тарафдорони Ҳукумати муросои миллӣ, ки моҳи майи соли 1992 дар пайи пирӯзии тазоҳургарони майдони Шаҳидон бар тазоҳургарон аз майдони Озодӣ рӯи кор омад, ба шумор мерафт.

Аммо Ҳукумати муросои миллӣ дар ҷанги шаҳрвандие, ки тобистони соли 1992 оғоз ёфт, шикаст хӯрд ва моҳи ноябри соли 1992, Шӯрои олӣ ин ҳукуматро ба истеъфо фиристода, Эмомалӣ Раҳмонро ба намояндагӣ аз Фронти халқӣ – ҷониби дигари ҷанги шаҳрвандӣ раҳбари аввали кишвар интихоб кард. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода баъди ин аз кишвар фирор кард ва муддате дар Афғонистон ва сипас то соли 1998 дар Эрон паноҳ бурд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мақомоти Тоҷикистон дар соли 1993 идораи қозиётро ба муфтиёт табдил дода, ба ҷои Тӯраҷонзода Фатҳулло Шарифзода, фарзанди рӯҳонии дигари шинохта Домулло Шарифро муфтӣ интихоб карданд.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар солҳои мусофират низ дар майдони сиёсат фахол буд ва ба ҳайси муовини раҳбари Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик раёсати ҳайъати мухолифин дар музокироти сулҳ бо ҳукуматро бар дӯш дошт.

27 июни соли 1997 дар Маскав байни ҳукумат ва мухолифин Созишномаи сулҳ ба имзо расид, ки бар асоси он 30 дарсади мансабҳои ҳукуматӣ ба мухолифин бояд дода мешуд. Тӯраҷонзода бар асолси ин саҳмияи 30-фоиза муовини сарвазири Тоҷикистон дар умури равобит бо кишварҳои СНГ таъйин шуд ва соли 1998 ба Тоҷикистон баргашт.

Ӯ то поёни соли 2006 дар ин мақом кор кард ва баъди барканориаш то соли 2010 узви Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парлумони Тоҷикистон буд.

Баъди тарки мақомҳои давлатӣ дар соли 2010 Тӯраҷонзода асосан дар зодгоҳаш – деҳаи Ваҳдатобод ба сар мебарад.

Соли 2012 масҷиди "Муҳаммадия”, ки Тӯраҷонзодаҳо дар Ваҳдатобод сохта буданду ба он Эшони Нуриддинҷон, бародари Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода имоматӣ мекард, бо баҳонаи баргузории маросими Ошӯро бо ҳукми додгоҳ баста шуд. Ин масҷид то баста шуданаш яке аз пуртарафдортарин масҷидҳои кишвар ба шумор мерафт ва ҳар рӯзи ҷумъа барои адои намоз ва шунидани мавъизаҳои Эшони Нуриддинҷону бародари хурдиаш Эшони Маҳмудҷон ҳазорон нафар аз саросари Тоҷикистон ба масҷиди "Муҳаммадия” меомаданд.

Бори дигар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар соли 2013, қабл аз интихоботи президентӣ аз худ дарак дод. Ӯ дар сафи онҳое буд, ки аз номзади ягонаи мухолифин Ойниҳол Бобоназарова ҳимоят мекарданд. Вале ситоди Бобоназарова 200 ҳазор имзои лозим барои сабти номзадии ӯро ҷамъ оварда натавонист ва аз корзори интихоботӣ берун монд.

Бародарон Тӯраҷонзодаҳо баъди танг шуданашон аз минбари масҷидҳои расмӣ дар Интернет барои ҳифзи тамос бо пайравони худ сомонаи "Тӯраҷон”-ро боз карда буданд. Вале дастрасӣ ба ин сомонаро низ қариб се сол боз масдуд кардаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон