расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » БОИМ АЗ ЗИНДОН ОЗОД ШУД (ВИДЕО ВА АКС)

. / Ҷомеа

БОИМ АЗ ЗИНДОН ОЗОД ШУД (ВИДЕО ВА АКС)


Иброҳим Сафаров, мулаққаб ба Боим, яке аз нафарони хеле муътабар дар олами ҷиноии Тоҷикистону Русия, рӯзи 10 октябр аз зиндони Русия озод шуд. Ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук чанд видео ва аксҳои раҳо ёфтанаш аз зиндон ва сафараш ба сӯи Маскавро нашр кард. Фарзандони Боим низ бо нашри аксҳои ӯ аз озодии падарашон изҳори шодӣ кардаанд.
Дар видеоҳои нашркардаи Боим дар роҳи сафараш аз маҳбас ба Маскав дида мешавад, ки ӯро як дӯсти қафқозиаш ҳамроҳӣ мекунад ва барои Боим дар як тарабхонаи тоҷикӣ бо номи "Сафар” дастурхони зиёфат меороянд.

Боим соли 2006 дар Русия бо 200 кило ҳероин дастгир ва ба 19 соли зиндон маҳкум шуда буд. Мақомоти Русия мегуфтанд, ки шабакаи таҳти раҳбарии «Боим” ҳар сол ба бозори сиёҳи он кишвар то 4,5 тонна маводи мухаддир ворид мекард. Дар матбуоти Русия ӯро машҳуртарин наркобарони тоҷик ном мебурданд.
Худи Иброҳим Сафаров дар додгоҳ даст доштанаш дар қочоқи маводи мухаддирро рад карда, гуфта буд, ки қурбони "подстава” шудааст.
Дар аксҳое, ки Боим аз маҳбас дар Фейсбук нашр мекард, дида мешуд, ки ӯ дар пушти панҷара низ аз чизе, албатта, ба ҷуз аз озодӣ, камбуд надошт.

 
Иброҳим Сафаров соли 1971 дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе таваллуд шуда, қаблан ба ҳайси сартарош кор мекард. Ӯ то боздошташ аз нафарони хеле мӯътабар дар олами ҷиноии Тоҷикистону Русия ба шумор мерафт. Ӯ бо дасти кушод ва саховатмандиаш низ шуҳрат дошт ва аз ҷумла ҳунармандони тоҷикро аз лиҳози молиявӣ дастгирӣ мекард.
Аз ин рӯ, дар бораи «Боим” ҳатто овозхонҳои тоҷик, аз ҷумла Садриддини Наҷмиддин тарона хондаанд.Садриддин Наҷмиддин аз ҷумла дар таронаи «Дар қафас нишастани ту”, ки ба «Боим” бахшида шудааст, чунин мисраҳо дорад:
Дар ин дунёи дилсардӣ
Ба Худо, беҳтарин мардӣ.
Туро аз мо ҷудо карданд
Ба зӯриву ба номардӣ.
Дар қафас нишастаӣ ту,
Намехом шикастани ту.
Эй Худо, қафас кушоӣ,
Дари ҳамнафас биёӣ.
Дар арафаи озодии Иброҳим Сафаров, Бобур Раҷабов, як овозхони дигар ба пешвози озодии ӯ чанд мисраъ суруд, ки чунин аст:
Зи даргоҳи Худо металабам ҳамчу Иброҳим,
Баргардӣ ба назди мо ба Ватан, акаи Боим.
Таронаи Бобур Раҷабов ба пешвози озодии Боим:

Таронаҳои Садриддини Наҷмиддин дар бораи Боим:




Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.