расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » ЧОРУНИМ СОАТ СУҲБАТИ ЛУКАШЕНКО БО РОҲБАРОНИ ОППОЗИТСИЯ ДАР СИЗО

. / Ҷаҳон

ЧОРУНИМ СОАТ СУҲБАТИ ЛУКАШЕНКО БО РОҲБАРОНИ ОППОЗИТСИЯ ДАР СИЗО


Рӯзи 10 октябр президенти Беларус Александр Лукашенко дар боздоштгоҳ (СИЗО)-и КГБ бо роҳбарони то ва баъди интихобот зиндонишудаи оппозитсия мулоқот кардааст. Дар ин бора Telegram-канали ба матбуоти давлатӣ ва хадамоти матбуоти Лукашенко наздики "Пул Первого" хабар дод. Дар акси нашркардаи ин пойгоҳи хабарӣ ба ҷуз аз Лукашенко боз 12 нафари дигар дида мешаванд. "Пул Первого" хабар дод, ки Лукашенко бо маҳбусон чоруним соат суҳбат кардааст, «то ки ақидаи ҳамаро шунавад». Лукашенко дар ин мулоқот гуфтааст, ки «Конститутсия дар кӯча навишта намешавад». "Пул Первого" хабар дод, ки ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, ки муҳтавои суҳбат махфӣ боқӣ бимонад. Дар пасманзари ин мулоқот рӯзи 10 октябр ба Светлана Тихановская – рақиби асосии Лукашенко дар интихоботи президентии рӯзи 9 август – бори аввали иҷозат доданд, то бо шавҳараш Сергей Тихановский, ки аз моҳи май дар ҳабс қарор дорад, телефонӣ суҳбат кунад. Тихановскаяро баъди интихобот маҷбур карданд, ки тарки Беларус кунад ва ба Аврупо паноҳ барад.
Лукашенко, ки аз соли 1994, инак 26 сол боз роҳбарии Беларусро дар даст дорад, худро ғолиби интихоботи 9 август эълон кард, вале мухолифин ва ҳамин тавр, кишварҳои Ғарб пирӯзии ӯро эътироф накарданд ва инак ду моҳ боз дар Беларус эътирозҳои густарда бо талаби истеъфои Лукашенко идома дорад.
Рӯзи 10 октябр президенти Беларус Александр Лукашенко дар боздоштгоҳ (СИЗО)-и КГБ бо роҳбарони то ва баъди интихобот зиндонишудаи оппозитсия мулоқот кардааст. Дар ин бора Telegram-канали ба матбуоти давлатӣ ва хадамоти матбуоти Лукашенко наздики "Пул Первого" хабар дод. 
"Пул Первого" хабар дод, ки мулоқоти Лукашенко бо оппозитсионерҳои боздоштшуда чоруним соат давом кардааст,«то ки ақидаи ҳамаро шунавад». "Пул Первого" ҳамчунин хабар дод, ки ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, ки муҳтавои суҳбат махфӣ боқӣ бимонад, вале аз Лукашенко иқтибос овардааст, ки дар ин мулоқот гуфтааст, «Конститутсия дар кӯча навишта намешавад», вале боз ваъда додааст, ки «ин охири кор нест».РИА "Новости" аз ин хулоса кардааст, ки Лукашенко бо маҳбусон «масоили Конститутсия»-ро баррасӣ кардааст.
Исми иштироккунандагони мулоқот бо Лукашенко дар СИЗО КГБ эълон нашудааст, вале дар акси нашршуда аз ин мулоқот ба ҷуз аз Лукашенко боз 12 нафари дигар дида мешаванд.
Сомонаи Tut.byва Telegram-канали тими Светлана Тихановская "Страна для жизни"дар байни иштироккунандагон роҳбари собиқи Белгазпромбанк Виктор Бабарикоро, ки то ҳабсаш рақиби асосии Лукашенко дар интихоботи президентӣ шумурда мешуд, писари ӯ Эдуард; узви раёсати Шӯрои ҳамоҳансози оппозитсия, ҳуқуқшинос Лилия Власова; технологи сиёсӣВиталий Шкляров, мудири ширкати фанноварии PandaDocДмитрий Рабтсевич, узви ситоди Бабарико Юрия Воскресенский, адвокати Мария Колесникова Иля Салей, собиқ муовини раиси Белгазпромбанк Сергей Добролёт, и.в. муовини раиси ҳамин бонк Кирила Бадей, соҳибкор, муассиси нашрияҳои The Village Беларусь ва KYKY Александр Василевичро шинохтаанд.


Адвокати Виталий Шкляров Антон Гашинский ба Tut.by хабар дод, ки шоми 9 октябр, вақте ӯ аз муваккилаш дар СИЗО N1 ("Володарка") аёдат кард, хабаре дар бораи эҳтимоли мулоқоти онҳо бо Лукашенко набуд. Дар суҳбат бо радиои"Эхо Москвы"Гашинский гуфт, афроде, ки дар ин мулоқот иштирок доштанд, дар маконҳои «комилан мухталиф» нигоҳ дошта мешаванд.
"Онҳоро пешакӣ касе огоҳ накардааст. Субҳ ҳамаро дар як ҷо ҷамъ карданд ва онҳо то лаҳзаи охирин намедонистанд, ки бо кӣ мулоқот мекунанд? Ин тамоман ғайриинтизор буд ва мо намедонем, ки мулоқт дар кадом масъала буд?» - гуфтааст Гашинский. Адвокат бар ин аст, ки омадани Лукашенко метавонад аломати оғози муколама бо оппозитсия бошад ва «ин умедворкунанда аст».
Дар пасманзари ин мулоқот рӯзи 10 октябр ба Светлана Тихановская – рақиби асосии Лукашенко дар интихоботи президентии рӯзиавгуст – бори аввали иҷозат додандто бо шавҳараш Сергей Тихановскийки аз моҳи май дар ҳабс қарор дорадтелефонӣ суҳбат кунадТихановскаяро баъди интихобот маҷбур карданд, ки тарки Беларус кунад ва ба Аврупо паноҳ барад. Мушовири Тихановская Франака Вячорки гуфт, Сергей Тихановский интизор надошт, ки ба ӯ иҷозати суҳбат бо ҳамсарашро медиҳанд.
Зану шавҳар дар бораи кӯдаконашон ва шароити Сергей дар боздоштгоҳ ҳарф задаанд, - хабар медиҳад "Радио Свобода". Тихановский гуфтааст, ки хабарҳоро пайгирӣ мекунад. Ӯ ба ҳамсараш машварат додааст, ки «мавқеи сахттар бигирад» ва ба мулоқотҳояш бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ идома диҳад.
Узви раёсати Шӯрои ҳамоҳансози оппозитсияи Беларус Павел Латушко мулоқоти Лукашенко бо намояндагони оппозитсия дар боздоштгоҳро натиҷаи заҳмати онҳое донист, ки ду моҳ боз ба эътирозҳои густарда дар Беларус идома медиҳанд.
"Ташкили муколама бо онҳое, ки дар зиндон нишастаанд, эътирофи заифии ӯст. Ӯ дар пушти мизи музокирот маҳбусони сиёсиеро нишонд, ки то дирӯз ба ҷиноятҳо айбдорашон мекард. Ин ҳодиса нафақат вуҷуди маҳбусони сиёсиро дар Беларус расман тасдиқ мекунад, балки аломати он ҳам ҳаст, ки эътирозҳои Беларус самар оварда истодаанд ", - гуфта мешавад дар Telegram-канали Латушко.


Лукашенко, ки аз соли 1994, инак 26 сол боз роҳбарии Беларусро дар даст дорад, худро ғолиби интихоботи 9 август эълон кард, вале мухолифин ва ҳамин тавр, кишварҳои Ғарб пирӯзии ӯро эътироф накарданд ва инак ду моҳ боз дар Беларус эътирозҳои густарда бо талаби истеъфои Лукашенко идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.