расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Қаҳрамонҳои ҳама рӯзҳо

Асосӣ / Сиёсат

Қаҳрамонҳои ҳама рӯзҳо


Кормандони милитсияи тоҷик дар даврони истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри сипаришуда вазифаҳои ба уҳдаи онҳо гузошташударо бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд. Дар ин роҳ садҳо нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣҷони худро аз даст додаанд ва мардуми сипосгузори Тоҷикистон хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медоранд”.
ЭмомалӣРАҲМОН
 Генерал-майори милитсия Суҳроб Рамазонзода ва ҳамкасбони ӯ ҳамарӯза барои суботи Тоҷикистони азиз корҳои муҳим анҷом медиҳанд
Агар дар байни хонандагони мактабҳои миёна назарсанҷие анҷом дода шавад, ки дар оянда онҳо кадом ихтисосро интихоб мекунанд, шояд бисёриашон бегуфтугӯ ҷавоб диҳанд, ки “милиса мешавам”. Барои баъзе аз ин тифлакону наврасон мумкин либосҳои фарқкунандаву ҷаззоби кормандони милитсия боис ба чунин орзу гашта бошад, бархе дигар шояд қаҳрамониву ҷасорати “пагондорҳоро” дар китобҳо хондаву дар филмҳо тамошо карда, ошиқи ин касб гаштаанд. Дар асл, ин касб кадом махсусиятҳоро дорад ва оё ҳар кас метавонад корманди ин мақомоти муҳим гардад?
Барои ҷавоб пайдо кардан ба ин савол мо фаъолияти кории яке аз ҷавонони ояндадор ва содиқи касби худ, генерал-майори милитсия Рамазонзода Суҳроб Кароматуллоро варақгардон намудем.
Ӯ кист?
Рамазонзода Суҳроб Кароматулло — генерал-майори милитсия. 1-уми апрели соли 1979 ба дунё омадааст. Маълумоташ олии ҳуқуқшиносӣ. Соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2011 факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳайати роҳбарикунанда ба итмом расонидааст. Дар мақомоти корҳои дохилӣ аз 20-уми октябри соли 2002 фаъолият дорад.
Генерали имрӯза дар гузашта ба сифати муфаттиш-криминалист ҳам кор кардааст (дар шуъбаи назорати методии Раёсати тафтишотии ВКД), муфаттиш низ буд (дар шуъбаи тафтиши ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадори Раёсати тафтишотии ВКД). Як муддат ба сифати сардори шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фаъолият дошт. Баъдан сардори ШВКД хати фурудгоҳи шаҳри Душанбе, Раёсати ВКД ҶумҳурииТоҷикистон дар нақлиёт, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Рамазонзода Суҳроб Кароматулло аз моҳи июли соли 2016 ба вазифаи масъулиятноки сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардида, то ҳол дар ин мақом кор мекунад. Ӯ аълочии милитсия буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаю Раҳматномаҳо, аз он ҷумла, бо медалҳои «Барои хизматҳои шоён» дараҷаҳои I, II, III, «Милитсияи Тоҷикистон», «85-солагии милитсияи Тоҷикистон» ва нишони сарисинагии «Барои хизматҳои аъло» мукофотонида шудааст. Ҳамчунин, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ бо мукофоти давлатӣ — медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.
Узви ҳайати Мушовараи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Албатта, мақомоти милитсия таърихи нисбатан кӯҳан дорад. Дар мо он пас аз таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил шуд. Ҳатто аз он давра равандҳои ҷомеа чандин бор тағйир ёфтанд. Ҳамаи ин ба кори умумии кормандони милитсия таъсиргузор буданд, ё ҳамкасбони Рамазонзода кадом махсусиятҳоеро доранд, ки барои ҳамаи давраву ҷомеаҳо ягонаанд? Ин нахустсуоли мо буд.
— Таърих гувоҳ аст, ки кормандони милитсия аз рӯзҳои аввали таъсисёбии хеш масъулияти муҳим, яъне пешгирӣ ва барҳамдиҳии фаъолияти ҷиноятпешагонро бар дӯш доштанд. Генерал-майор, профессор Абдулҳаким Розиқзода дар китобҳои вобаста ба таърихи милитсия исбот кардааст, ки ин мафҳум дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ҳанӯз солҳои 1916-1917 дар ҳуҷҷатҳои архивӣ дучор меояд. То замони истиқлолият чун дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ дар мо низ аз касби мо ба сифати “милитсияи советӣ” ном мебурданд. Аз рӯи меъёрҳои ҳанӯз моҳи марти соли 1917 аз асари «Мактубҳо аз дур» аз ҷумла вобаста ба фаъолияти милитсия чунин омадааст: «Милитсия воқеан ҳам бояд халқӣ бошад, ба мардум хизмат намояд, аз ҳисоби калонсолони ҳарду ҷинс таъсис дода шуда, дар худ функсияҳои милитсияи халқӣ ва функсияи политсияро муттаҳид намуда, ба мақомоти асосии тартиботи давлатӣ ва идоракунии давлатӣ табдил дода шавад».
Аммо тавре ишора кардем, ҳар давра вижагиҳои худро дорад. Дарк кардану донистани ин махсусиятҳо ба вижа барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хеле муҳим аст. Зеро маълум аст, ки ҷинояткор ҳар замон вобаста ба талаботи давр пайхати худро дигаргун мекунад, то ноаён монад. Аммо вазифаи мақомоти милитсия ин аст, ки ин ҷинояту ҷинояткорон ошкор карда шаванд ва ҷазои сазовор гиранд. Яъне фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ бояд ба талабот ва вазъи ҷомеа ҷавобгӯ бошаду корманди милитсия имконияти воқеии моҳирона истифода намудан аз тамоми воситаҳои муосир, аз ҷумла таҷҳизоти пешқадами техникаро дошта бошад, ҳамеша интизоми баланди хизматиро нигоҳ дорад ва малакаву маҳорати касбии худро пайваста такмил диҳад. Аз ин мебарояд, ки кормандони милитсия пеш аз ҳама бояд интизоми оҳанин, савияи баланди касбӣ, маърифати баланди шаҳрвандӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ дошта бошанд, меъёрҳои қонуну тартиботро хуб донанд ва риоя намоянд.
Ҳукумати мамлакат хизматҳои кормандони мақомотро ҳамеша қадрдонӣ мекунад ва ҷиҳати беҳтар намудани шароити кору хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ тадбирҳои муассир меандешад. Танҳо дар давоми ҳафт соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 150 фоиз афзуда, музди меҳнати кормандон ба ҳисоби миёна якуним баробар зиёд гардидааст. Дар ин муддат беш аз 700 нафар кормандон ва оилаҳои бесаробонмондаи кормандони милитсия бо манзили истиқоматӣ ва зиёда аз 2600 нафар бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шудаанд”.
ЭмомалӣРАҲМОН
— Барои омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта кормандони масъули ВКД, аз ҷумла Суҳроб Рамазонзода чандин бор сафарҳои хориҷии корӣ анҷом додаанд. То куҷо онҳо ба фаъолияти кориашон самаровар буданд?
— Албатта, дар Тоҷикистон барои кормандони мақомоти милитсия аз ҷониби Ҳукумати кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳои зарурӣ таъмин мегардад. Нақшу мақоми милитсияро Пешвои миллат дар рушди ҷомеа хуб дарк мекунанд. Зеро, мутаассифона, мо замонеро пушти сар кардаем, ки маҳз бемасъулиятиву бетарафии баъзе масъулони собиқи ВКД ба рухдодҳои ҷомеа боис ба ҷанги шаҳрвандӣ ва кушта шудани беш аз 150 ҳазор ҳамватани мо гашт. Бадбахтона, дар ин миён кормандони милисияи тоҷик ҳам кам набуданд, ки барои ҳимояи қонун бархоста, ҷони худро аз даст доданд. Ёди онҳо ҳамеша бо мост. Роҳбарияти ВКД, махсусан вазир Рамазон Раҳимзода ҳамеша барои оилаи ин ҳамкасбони қатлшудаи мо дасти кумаки худро дароз менамоянд.
— Чанд сол пеш бахшида ба фарорасии соли нави мелодӣ бо ибтикор ва иқдоми наҷибонаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар бинои Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев чорабинии идонаи солинавӣ барои фарзандони кормандони милитсия, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва фарзандону пайвандони кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ, бо иштироки зиёда аз 1000 нафар кӯдакону пайвандони онҳо баргузор гардид. Ифтихормандем, ки яке аз масъулини ин чорабинӣ бо дастури вазири муҳтарам Суҳроб Рамазонзода буданд,- мегӯянд ҳамкоронаш.
— Он чӣ ки ба омӯхтани таҷрибаи кишварҳои дигар дахл дорад, ин як воқеият аст. Ҷаҳон, тавре ишора кардем, дар ҳоли зуд тағйирёбанда аст. Раванди ҷаҳонишавӣ низ таъсири худро мегузорад ва намешавад гуфт, ки як намуди ҷиноят ё ҷинояткор хос ба як кишвар буда, барои мамолики дигар бехавф аст. Барои ҳамин, омӯхтани таҷрибаи ҳамдигар ҳатмист. Рамазонзода аз ҷумла дар ҳайати чанднафараи ҳамкасбон моҳи октябри соли 2018 ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар доштанд. Ҳадафи сафар иштирок дар Конференсияи байналмилалии ҳарсолаи Сардорони политсия буд, ки он конференсияи 125-умин буда, аз соли 1893 инҷониб ҳар сол доир карда мешавад. Дар конференсияи мазкур зиёда аз 15 000 иштирокчӣ аз тамоми ҷаҳон ширкат варзид. Дар баробари баргузории конференсия ҳамчунин шоҳиди Намоиши таҷҳизоти политсия барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва техникаи навтарин оид ба муайян ва тафтиши ҷиноятҳо гаштанд. Ҳамчунин дар бораи мубориза бо терроризм, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар вақти чорабиниҳои ҷашнӣ, гирдиҳамоиҳо, роҳбаладии меҳмонони олиқадр ва кори Полиси БДА табодули афкор сурат гирифта буд. Гуруҳи милитсияи тоҷик инчунин аз кори камераҳои мушоҳидавии Вашингтон, нақш ва фаъолияти ин камераҳо дар тартиботи ҷамъиятӣ ва қоидаи ҳаракат дар роҳ аз наздик ошноӣ пайдо намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти ислоҳоти милитсия, қайди ягонаи ҷиноятҳо, терроризм, экстремизм ва масоили вобаста ба милитсияи сайёҳӣ баррасӣ гардиданд,- нақл мекунанд иштироккунандагони ин ҳамоиши байналмилалӣ.
Дар хабарнома вобаста ба ин сафар чунин омадааст, ки намояндагони милитсияи тоҷик бо Политсияи муштараки давлатии таваққуфгоҳи минтақаи Анакостии шаҳри Вашингтон низ вохӯрӣ анҷом доданд ва бо фаъолияти амалии ин политсия дар қаламрави ИМА шинос шуда, таҷрибаи кории ҳамдигарро мавриди муҳокима қарор доданд. Бояд гуфт, ки фаъолияти хадамоти мазкур дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, кор бо сайёҳони хориҷӣ ва роҳбаладии меҳмонони олиқадр равона шудааст. “Аз ҷараёни ин сафар барои худ хулосаҳои муҳим бардоштем ва онҳоро ба роҳбарият пешниҳод намудем, ки хеле аз онҳо амалӣ гардидаанд ё мегарданд”,- таъкид мекунанд онҳо.
Вазъияти мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои минтақа возеҳ нишон медиҳад, ки қувваҳои радикалӣ ва террористӣ аз ниятҳои нопоки худ даст накашида, баръакс, мехоҳанд, ки фаъолияти тахрибкоронаи худро дар минтақаи мо минбаъд низ густариш диҳанд. Дар чунин шароит ба милитсияи тоҷик, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиву касбиро аз даст надода, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ ба таври қатъӣ мубориза баранд”.
ЭмомалӣРАҲМОН
Рамазонзода бо вуҷуди ҷавон будан соҳиби унвони генералӣ, обрӯ дар байни ҳамкасбон ва сардори яке аз бахшҳои муҳими ВКД ҳастанд. Ин натиҷаи заҳматҳои эшон аст, ки дар фаъолияти худ анҷом додаанд. Ба наврасу ҷавонҳое, ки орзуи ихтиёр кардани касби масъулиятноки милитсияро доранд, ҳамеша дар ҷаласаҳои дохилӣ таъкид ва маслиҳат медиҳанд, ки фаъолияти корманди мақомоти милитсия танҳо аз давидан аз пайи ҷинояткорон иборат нест. Он дониши ҳамаҷонибаро мехоҳад. Бар илова, ҳар нафаре орзуи ин касбро дорад, бояд бо ҳуҷҷатҳо кор карда тавонад. Як махсусияти кори милиса ин аст, ки ӯ бо одамон кор карда тавонад, тоқати онҳоро гӯш карда тавонистан дошта бошад, зеро одамон аз ночорӣ ба мо муроҷиат мекунанд. Пас милитсионери ҳақиқӣ бояд равоншинос ҳам бошад.
Боиси қадршиносист, ки милитсияи тоҷик ҳамарӯза амалҳои қаҳрамонона анҷом медиҳад. Охир онҳо ҷони худро ба гарав гузошта, ҷони дигаронро ҳимоя мекунанд.
Ба таъкидҳои Суҳроб Рамазонзода дар ҷаласаҳо, “ҳамкасбони мо бояд аз гузаштаву таърих низ огоҳ бошанд. Донанд, ки имрӯз бо чӣ душвориҳо бунёд шудааст. Барои тарғиби ин дар Вазорати корҳои дохилӣ роҳбарият осорхона ташкил кардаанд. Чанде пеш бо ташаббуси мо дар ин осорхона китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирдоварӣ шуд. Ин китобҳо барои дониши амиқи таърихӣ ва худшиносии ҳамкасбонамон кӯмак хоҳанд кард”.
Баъзеҳо фаъолияти милитсияро бо ду-се нафари тасодуфӣ мехоҳанд бадном созанд, вале бубинед, ки чунин сарсупурдаву ҷоннисорҳо ба мисли Суҳроб Рамазонзода дар кишварамон кам нестанд. Дуо мекунем, ки сафашон ба ҳазорҳо бирасад.
«ФАРАЖ»

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.