Аз машқҳои пагоҳирӯзӣ нагурезед!

Аз каллаи саҳар худро ноҷур ҳис мекардам, вале ба ваъда вафо кунам гуфта, таваккал ба роҳ баромадам. Як қисми роҳро мошинсавор ва қисмати дигарашро аз назди бинои Хадамоти гумрук пиёда паси сар кардам. То машқгоҳ расидан чандин бор нафасамро рост карда, дардро коҳиш медодам.

 

Ниҳоят ба майдони Нишони давлатӣ расидам. Ҳазорон иштирокчии чорабинии варзишӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон  дар саҳни шаршараи Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»- и пойтахт ба машқҳои пагоҳирӯзӣ, ки соати 6.30 бо ширкати варзишгарони шинохта  оғоз шуданд, таҳти мусиқии мутантан пайравӣ мекарданд. Рӯҳияи идонаи варзишӣ ва мавҷи парчамҳои миллӣ болои издиҳоми бузурги ҷавонон, дидани чеҳраҳои ошно, пеш аз ҳама Ҷаҳонпаҳлавони 22-сола Беҳрӯз Хоҷазода,  дардамро таскин бахшиду нафасам рост шуд. Бе дорую дармон!

 

Пас маълум мешавад, ки иқдоми мазкури Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш оид ба дар маҳаллаҳо баргузор намудани машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ аз манфиати холӣ набуда, дар солимгардонии мардум саҳм мегузорад.

 

Дар  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи мазкур дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии кишвар  бар замми машқҳои пагоҳирӯзӣ силсила чорабиниҳои оммавӣ – варзиширо ба нақша гирифтааст.

 

Чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ, инчунин аз марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ дар шаҳри Душанбе, таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистонам” иборат аст.

 

Марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ  аз гардиши майдони Товус то Наврӯзгоҳ дар масофаи 3,5 км аз соати 12:00 то 14:00 гузаронида мешавад.

 

Манбаъ аз сомонаи tajikistantimes.tj

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон