расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар деҳаи Овчии Тоҷикистон барф борид

. / Ҷомеа

Дар деҳаи Овчии Тоҷикистон барф борид

Овчӣ ба деҳаи Оббурдори ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ наздик аст, ки сардтарин нуқтаи вилояти Суғд ба шумор меравад.
Ҷамила Байдуллоева, сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳаво гуфт, ки барф асосан дар манотиқи аз 3 ҳазор метр болои баландкӯҳ боридааст, ки маъмулан ҳатто дар охири моҳи август низ иттифоқ меафтад.
«Дар баландкуҳҳо ин як ҳодисаи ғайримуқаррарӣ нестзеро барф фақат дар қуллаи куҳҳостМасаландар шарқи Бадахшон ҳаво аз 5 то 7 дараҷа хунук шудаастДар дигар ҷойҳо шабона ҳарорат ба 0 баробар мешавадАммо барои минтақаҳои баландкӯҳеназири ҶиргатолРаштводии ЗарафшонДарвозу Шуғнонки дар 2 ҳазор метр баландтар аз сатҳи баҳр ҷойгирандин як ҳодисаи ғайримуқаррарӣ аст”, — гуфтааст Ҷамила Байдуллоева.
Дар ҳамин ҳол, аксҳое, ки  сомонаи  Sputnik Тоҷикистон дастрас кардааст, нишон медиҳанд, ки барф дар ин минтақа зиёд борида, ба қавли сокинон, бархе аз онҳо ҳатто натавонистаанд ҳосили картошкаву меваи худро ҷамъ оваранд.
Сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ мегӯяд, ин минтақаи Тоҷикистон дар қарибии деҳаи Оббурдори ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ҷойгир аст, ки сардтарин нуқтаи вилояти Суғд ба шумор меояд.
«Овчӣ низ ба Оббурдон наздик аст ва аз сатҳи баҳр 2 ҳазор метр баланд мебошадЭҳтимол дорад дар ин минтақа ҳаво то 2 дараҷа хунук ё ба сифр баробар шавад”, — гуфт Ҷамила Байдуллоева.
Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар аксари манотиқи кишвар, аз ҷумла водиҳо низ ҳаво боронӣ шуда, ҳарорати ҳаво дар бархе ҷойҳо ба 5 то 7 дараҷа гармӣ поён мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.