БОЗ 23 ТОННА БОРИ ҚОЧОҚИИ АБДУҶАЛИЛ ҚӮЧҚОРБОЕВИЧ ОШКОР ШУД

 

 

 

Хадамоти гумрук аз боздошти боз 23 тонна бори қочоқии ширкати "Сармад-2000” ба маблағи 1,1 миллион сомонӣ хабар дод. Як рӯз қабл дар бораи боздошти як мошин бори қочоқии ин ширкати мутааллиқ ба сокини Душанбе Абдуҷалил Қӯчқорбоевич Қаҳҳоров ба маблағи беш аз 1,8 миллион сомонӣ гузориш шуда буд.

 

Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 10 октябр хабар дод, ки маъмурони гумрук ва додситонии кул қочоқи боз 23 тонна маҳсулот, иборат аз 36 номгӯ, аз ҷониби ҶДММ "Сармад-2000”-ро ба маблағи 1 миллион 125 ҳазору 97 сомонӣ ошкор кардаанд. Ҷамъи маблағи борҳои қочоқии ошкоршудаи ин ширкат ба ин тартиб аз 3 миллион сомонӣ мегузарад.

Дафтари матбуоти Хадамоти гумрук мегӯяд, Қаҳҳоров Абдуҷалил Қӯчқорбоевич, сокини шаҳри Душанбе ва молики ширкати "Сармад-2000” ҳангоми убури гузаргоҳи марзии Қулма дар марзи Чин бо вилояти Бадахшон дар санадҳо нишон додааст, ки гӯё аз Ҷумҳурии Чин 23 тонна кафел (кошин) ворид кардааст: "Қаҳҳоров аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи фиреб ва истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тариқи қочоқ молро ба ҳудуди кишвар ворид кардааст. Чун қаблан аз руйи схемаи қаллобӣ ва пинҳон кардани кирдори худ автомашинаи мазкурро бо борҳояш таҳвили ҳаракати молро иваз намудаааст.

Ба зидди Қаҳҳоров ва шариконаш дар робита ба ин кӯшиши қочоқи маҳсулот бар асоси қисми дуюмимоддаи 289-уми Кодеки ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ин алакай дувумин мавриди боздошти борҳои қочоқии ширкати "Сармад-2000” дар ҳафтаи равон мебошад. Хадамоти гумрук рӯзи 9 октябр хабар дода буд, ки Абдуҷаллил Қаҳҳорови 35-сола "бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ва бо маслиҳати пешакӣ бо дигарон” ба қочоқи маҳсулоти мавриди ниёзи мардум аз Чин машғул буд.

Як мошин бори ширкати "Сармад-2000”, иборат азтаҷҳизоти техникӣ, либосҳои гуногун, чархи ароба, телевизор ва ғайраро, ки бидуни анҷоми расмиёни гумрукӣ вориди қаламрави Тоҷикистон шуда буд, маъмурони гумрук ва додситонии кул боздошт кардаанд.

Хадамоти гумрук рӯзи 9 октябр хабар дод, ки"Қаҳҳоров Абдуҷалил бо роҳи фиребгарона дар ҳуҷҷатҳои воридотӣ (инвойс) як номгӯи молро нишон додааст, ки нуриҳои минералӣ ба миқдори 500 ҷой бо вазни умумии 25 ҳазор килограмм буда, бо декларатсияи транзити дохила №762415/230917/0002390 дар дидбонгоҳи гумрукии «Кулма»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тартиб дода шуда, аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи фиребгарона ва истифода кардани ҳуҷҷатҳо тариқи қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда, минбаъд бо мақсади пинҳон кардани кирдори худ автомашинаи мазкурро бо борҳояш таҳвили ҳаракати молро иваз намуда, ба анборҳои ҶДММ «Сармад-2000»-ум, ки дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир мебошад, барои нигоҳ доштан интиқол додааст, ки зимни гузаронидани санҷиш боздошт карда шуд.”

Арзиши умумии бори мусодирашуда 1 миллиону 854 ҳазору 650 сомонию 4 дирам баровард шуда, ба зидди Қаҳҳоров ва шариконашбар асоси қисми дуюмимоддаи 289-уми Кодеки ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон