расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » СММ ба Тоҷикистон дар беҳбуди зерсохтори нақлиётӣ кумак мекунад

. / Ҷомеа

СММ ба Тоҷикистон дар беҳбуди зерсохтори нақлиётӣ кумак мекунад

Имкониятҳои дастгирии ҷумҳурӣ дар татбиқи лоиҳаҳои роҳу нақлиёт баррасӣ мешаванд.

Сурат: аз img.travel-dd.com
Ҳамоҳангсози кишварии СММ хонум Сезин Синаноғлу зимни мулоқот бо вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, ки тариқи видеоконфронс доир гардид, изҳор дошт, ки СММ айни замон Стратегия нави ҳамкориро бо ҷумҳурӣ таҳия мекунад.
Ӯ қайд кард, ки дар стратегия мусоидат ба масоили марбут ба рушди долонҳои нақлиётӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва рақамикунонии соҳаи роҳдорӣ пешбинӣ шудааст.
Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ дар навбати худ қайд кард, ки омода аст ҳангоми пешниҳод гардидани Стратегияи болозикр онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҳамкории судмандро бо СММ ба роҳ монад.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аввали соли 1992 ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.
Тӯли ин давра Созмон ба ҷумҳурӣ ба сифати грант беш аз ним млрд доллар маблағ дод. Ин маблағ ба рушди имконоти инсонӣ, муҳайё охтани ҷойҳои корӣ, беҳбуди дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, рушди менеҷмент ва ҳифзи муҳити зист равона гардид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.