расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » “Короче”, “уже”, “все равно”... Оё сокинони Душанбе тарҷумаи тоҷикии ин калимаҳоро медонанд?

. / Ҷомеа

“Короче”, “уже”, “все равно”... Оё сокинони Душанбе тарҷумаи тоҷикии ин калимаҳоро медонанд?

Имрӯз, 5 октябр, дар Тоҷикистон “Рӯзи забони тоҷикӣ” таҷлил мешавад. Дар солҳои истиқлолият барои рушди забон кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода шуданд - қонун қабул шуд, кумита таъсис дода шуд, номи кӯчаҳо ва навишти ному насаб ба тоҷикӣ иваз карда шуданд. Аммо дар забони мардум то имрӯз калимаҳои зиёди русӣ боқӣ мондаанд ва дар вақти муошират аз онҳо фаровон истифода мекунанд.
Мо аз раҳгузарон дар кӯчаҳои Душанбе пурсидем, ки оё ин калимаҳои содаи русиро бо калимаҳои тоҷикӣ иваз карда метавонанд: «короче», «вообще», «уже», «все равно», «типа», «обычный», «ждать», «опоздать», «молодец», «очки», «зонтик», «ботинки».
Оё шумо метавонед онҳоро ба тоҷикӣ тарҷума кунед ё бе истифодаи ин калимот муошират кунед?
Забони тоҷикӣ мақоми давлатиро вақте қабул кард, ки 22 июли соли 1989 Қонун «Дар бораи забон» қабул карда шуд. Мувофиқи ин қонун, 22 июл дар ҷумҳурӣ "Рӯзи забони давлатӣ" эълон шуда буд ва солҳои 1990-2009 таҷлил карда мешуд. Ба қонун 5 октябри соли 2009 тағйиротҳо ворид карда шуданд ва пас аз он ин рӯз ҳамчун Рӯзи забон дар Тоҷикистон қайд карда мешавад. 
Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20201005/koroche-uzhe-vse-ravno-oyo-sokinoni-dushanbe-tarumai-toikii-in-kalimaoro-medonand

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.