расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Акбар Турсон: китобҳои “Ҳикмати таърихи тоҷик” ва “Шарқзадагӣ”-ро менависам

. / Ҷомеа

Акбар Турсон: китобҳои “Ҳикмати таърихи тоҷик” ва “Шарқзадагӣ”-ро менависам

Китоб тақдири гузашта, ҳозира ва ояндаи халқи тоҷикро дар раванди таърих дар бар мегирад.

Сурат: Мухтор Боқизода
 
Имрӯз, 1 октябр, донишманди мумтози тоҷик, яке аз чеҳраҳои илмии дунёи муосир, файласуфи фарҳехта, академик Акбар Турсон 81-сол мешаванд.  “Азия-Плюс” устодро ҳам ба зодрӯз  табрик кард ва ҳам ҷӯёи ҳолашон шуд, ки дар ин рӯзгори ҳамагириву хонабандӣ ба чӣ корҳое банданд?

Шояд, шумо анъанаи худро тағйир додаеду зодрӯзатонро имсол ҷашн мегиред?

 - Ман зодрӯзамро ҷашн намегирам, ин рӯз бароям мотам аст. Мотам ба он маъност, ки боз як соли тамом гузашт, нақшаҳоямро ба вақту соате, ки мехостам анҷом дода натавонистам. Аз ин рӯ, ба муносибати зодрӯзам, хоҳ он соли муқаррарӣ бошад ва хоҳ, ба истилоҳ, “юбилей”, маъракаи хушу хурсандӣ ташкил намекунам, аз табрику муборакбодиҳо мегурезам, ба беша ё лаби уқёнус рафта, тамоми рӯз яккаву танҳо сайр мекунам ва пайваста меандешам.

Вақтҳои охир ба чӣ кор машғулед?

Корҳои нотамоми зиёд дорам, ки ба онҳо банд ҳастам. Имрӯзҳо навишти китоби “Ҳикмати таърихи тоҷик”-ро давом дода истодаам. Дар он мушкилиҳои зиёде ҳаст, ки бояд ҳал кард. Китоб тақдири гузашта, ҳозира ва ояндаи халқи тоҷикро дар раванди таърих дар бар мегирад. Барои ин тафаккури васеи фалсафӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайраҳо лозим аст. Баъдан худи вазъи рӯҳиву равонии тоҷикро дарбар мегирад. 
Ҳамчунин китоби дигаре навишта истодаам бо номи “Шарқзадагӣ”. Дар Эрон солҳои 50-60 китобе бо номи “Ғарбзадагӣ” нашр шуда буд. Як комунисти Эрон эрониҳоро танқид карда, масхара карда буд. Ман акнун аз назари шарқиёна навишта истодаам, ки сабаби тақлидкории мо чист, чаро мо ба дигарон тақлид мекунем? Шояд ин бархоста аз табиати инсонии мост.

Бо коронавирус чӣ гуна будед?

Коронавирус – аксуламали табиат мебошад. Дар муқобили ҳаракатҳои инсон ба муқобили табиат.Инсонҳо истисмор карда, мехоҳанд табиатро зери фармони худ гиранд, лекин табиат қонунҳои худро дорад ва мо аксари он қонунҳоро намедонем.
Акбар Турсон бо рӯзноманигори тоҷики Узбекистон Мирасрор Фарғонӣ (2019)Акс: аз Мирасрори Фарғонӣ
Созмонҳои байналмиллалӣ маҷбур шуданд, ки барномаҳои экологиро роҳандозӣ кунанд. Экология худ дар хатар мондани муҳити зиндагист, ки дар натиҷаи таҳаввулоти табиат ба вуҷуд меояд. Лекин сабаби ин таҳаввул чист, мо намедонем. Вақтҳои охир ҳарорати миёнаи иқлим баланд шуда истодааст, ки ин низ хатари ҷаҳонист. Аммо на ҳамаи давлатҳо оқибатҳои зараровари инро мефаҳманд. Хуллас, инҷо тамаддун худаш танҳо нест. Тамаддун дар таъсири муттақобил бо табиат аст. Инро мо ҳамеша ба ақли худ бовар карда фаромӯш мекунем. Ақлро бояд лаҷом зад, чунки барои ақли лаҷом назада ҳаққу ноҳак, суду зиён фарқе надорад. Меъёри этикӣ надорад. 
Соли гузашта дар ростои 80-солагии ин донишманди фарзона бо эшон суҳбате доштем, ки ин бахшашро инҷо бознашр мекунем.

Ҳеҷ гоҳ суди шахсӣ наҷустаам...

- Одатан ба корномаи шахс дигарон баҳо медиҳанду онро куллан ҷомеа қадр мекунад. Умри 80-солаамро ҷамъбаст карда (андаряк шаст соли умрам ба кори илмӣ сарф шудааст), бо итминони комил як чизро дақиқан гуфта метавонам, ки фориғ аз иқдоми худситоӣ ё гуноҳшӯйӣ бувад.
Як чиз мояи ифтихори ман (ва умедворам, ки авлодам ҳам) мебошад: ҳар куҷое ба коре машғул шуда бошам, ҳеҷ гоҳ, ба қавле, сарам-дилам кор накардаам, суди шахсӣ наҷустаам (ба истилоҳи имрӯза, ба коррупсия роҳ надодаам!). Чунончи мукофот ё ҷоизае на таваққӯъ кардааму на тамаллуқ! Ҳатто барои кори ақлониам ҳаққи қалам талаб накардаам.
Ҳар куҷое ба шуғле пардохта бошам, қуввати ҷисмонию қудрати ақлониамро ба якҷо ҷамъ карда, заҳмат кашидаам.
Акбар Турсон (2019)Акс: аз Мусои Бобоҳоҷӣ
Ва низ камоли ифтихори банда аст, ки ҳеҷ гоҳ ба умеди гирифтани подоше аз ягон кас ё қадрномае аз ягон ташкилот ва ё мукофоте аз давлат ба амале напардохтаам. Муҳимтар аз ҳама баройи гирифтан ё рӯёндани онҳо саъю кӯшише ба харҷ надодаам, чунончи аз тариқи маъмулшудаи ҷашнороиҳо (ба муносибати 60, 70 ва 80-солагиҳоям).
Ин хислатам рагу решаи хонаводагӣ дорад. Ман дар хонаводае ба камол расидаам, ки як умр дасткаш аз дастранҷ мехӯрд. Муҳимтар аз ҳама онҳо моро на фақат ба кам қаноат кардан даромӯхтанд, балки низ пайваста талқин мекарданд, ки қадри худ бишносем ва мабодо пойинталаби хасон набошем ва хосса миннати нокасонро накашем. Ҳатто дар солҳои қахтии ҷанги Олмон, вақте ки басе шикамгушна мегаштем, чашмамон ҳамоно сер буд...
Бузургони дудмонамон хурдонро аз тариқи насиҳати китобӣ не, балки ибрати амалӣ тарбия мекарданд. Раҳмати падарам мегуфтанд, ки бобоям рӯҳонии таҳсилдидаи сӯфимашрабе буданд, ҳатто воқиф аз улуми ғариб. Ба эшон хурду калон "домулло" ё "махсум" гуфта, муроҷиат мекарданд, вале ба ягон маърака ба унвони "мулло" намерафтанд. Дар шарҳи ин муаммо қиблагоҳам афзуданд, ки боре бобоям дар як маросими динӣ шоҳиди воқеаи нохуше шудаанд: мардуми авом оби дастшӯйи шайхеро "ба нияти шифо" мехӯранду ҳозирини тақводор чизе намегӯянд. Бобоям аз ин кирдор, ки зимнан хилофи ҳам дин ва ҳам одоб буд, хеле мутаассир шуда, маросимро тарк кардаанд. Вақте ба хона баргаштанд, дар ҳузури аҳли хонаводаамон "агар муллогӣ ҳамин бошад, ман муллогиро партофтам" гӯён, салларо аз сарашон гирифта, ба тоқи баланд мондаанд...
Ҳоло сарбаландона гуфта метавонам, ки миёни ду кирдор – муллогиро бас кардани бобои порсоям ва аз мансаби тайёри академӣ даст кашидани набераи шаккокаш (манзури назарам барои ишғоли мансаби директори Институти шарқшиносӣ ҳуҷҷат насупоридани ман аст, ки соли 1992 сурат пазируфта буд) – робитаи мустақими маънавӣ ҳаст.
Маълумотнома:
Акбари Турсон 1-уми октябри соли 1939 дар шаҳри Конибодом ба дунё омадааст.
Соли 1961 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (айни ҳол ДМТ)-ро бо ихтисоси “фалсафа” хатм кардааст. Солҳои 1961-1963 ходими хурди илмии Шуъбаи физикаю математикаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1963-1967 аспиранти шуъбаи мазкур, 1969-1979 ходими калони илмии Институти фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1979-1986 ҷонишини сармуҳаррири Энсиклопедияи Советии Тоҷик буд. Директор ва мудири шуъбаи таърихи тамаддуни Осиёи Марказии Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон (1986-1992), муовини директори Институти иқтисодии ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байнулмилалии АИ Тоҷикистон (1993-1994).
Аз соли 1994 то 2011 дар ИМА кор ва фаъолият кардааст.
Соли 2011 ба Тоҷикистон баргашта, дар вазифаи директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон  то соли 2015 фаъолият кардааст. Аз апрели соли 2015 ба нафақа баромадааст.
Доктори илмҳои фалсафа, профессор, академики Академияи илмҳои ҶТ Акбари Турсон муаллифи зиёда аз 250 мақола ва асарҳои илмӣ, илмию оммавӣ ва публисистӣ мебошад. Дар таълифоти худ масъалаҳои фалсафии улуми табиатшиносӣ, ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, гносеологӣ ва аксиологии илм, проблемаи инсон ва кайҳонро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: фалсафа, шарқшиносӣ, фарҳангшиносӣ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.