расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Саиданвар Камолов: Бунёди Тоҷикистон осон набуд. Иблис санги сари роҳ буд

Асосӣ / Сиёсат

Саиданвар Камолов: Бунёди Тоҷикистон осон набуд. Иблис санги сари роҳ буд


Агар умр вафо мекард, генерали хушноми тоҷик Саиданвар Камолов, ки моҳи майи соли равон аз олам даргузашт, 70 — сола мешуд. Номбурда, яке аз он нафаронест, ки аз оғози соҳибистиқлолии кишвар дар мақомоти амният ва ҳифзи ҳуқуқ фаъолият кард ва барои бунёди Тоҷикистони навин дар паҳлӯи Президенти кишвар буд. “Тоҷикистон” аз хазина чанд гуфтори Саиданвар Камоловро  гирдоварӣ кард, ки дар рӯзи мавлуди марҳум пешкаши шумо мекунад.  

Интихоби дуруст!
Айёме, ки мо сари ҳокимият омадем, ин ноябри соли 1992 буд. Давлат, ҳукумат, ин чизҳо ҳама рамзӣ буданд. Агарчӣ Иҷлосияи ХVI тақдирсози шаҳриХуҷанд дар Қасри Арбоб заминаи Ҳукумати конститутсиониро тарҳрезӣ карда бошад ҳам, дар асл тарафҳо ҳоло дар сангар, зидди якдигар буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ давом мекард. Кушторҳо идома доштанд. Доду бедодӣ дар ҷомеа ҳукмфармоӣ дошт. Кулли нафарҳое, ки ба ҳайси роҳбар пешбарӣ мешуданд, бо ҳар баҳона рӯирост даст мекашиданд. Яке ба оянда боварӣ надошт, дигаре аз талвосаи ҷон Душанберо тарк карда буд. Дар кӯчаҳои Душанбе куштору ғорат ҷараён дошт. Сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ фалаҷ шуда буданд. Вазорати корҳои дохилӣ кайҳо боз дар низоми бенизомӣ буд. Суду прокуратура ба ном амал мекарданд. Дар чунин шароите, ки авзои сиёсиву иҷтимоии кишвар печидаву сангин буд, дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ бо ризоияти Сарвари тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Саидамир Зуҳуров ба вазифаи раиси Кумитаи амнияти миллӣ таъин шуд.
Интихоби Саидамир тасодуфӣ набуд. Аллакай дар солномаи фаъолияти ӯ собиқаи бобарори хизматӣ дар сохторҳои Кумитаи давлатии бехатарии Иттиҳоди Шӯравӣ ва иҷрои маъмурияти хизматӣ дар Афғонистон ҷои намоён дошт. Зуҳуров дар байни роҳбарони ба тозагӣ интихоб шуда нахустин шахсияте буд, ки баъди Иҷлосияи XVI 4 декабр ба Душанбе омад…  
Музокироти мураккаб
…Бисёр мураккаб буд раванди музокироти тоҷикон. Баъзан қатъ мешуду ба вақти дигар вомегузоштанд. Гоҳо кандаву вайрон мешуд. Мухолифин дар дархости худ устувор буданду аз фишори рӯирост худдорӣ намекарданд. Дар робита бо ин сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону аъзои вакилони ҳукуматдоимо ба иттилооти оҷилӣ, дархурд барои қабули қарор ва интихоби роҳу усули дуруст бурдани мунозира эҳтиёҷ доштанд. Табиист, ки ин гуна иттилоотро ёфтан лозим буд. Ва он ниҳоят бо неру ва тариқу василаи худӣ ба даст меояд. Вазъи ҳол ҳунари нозуку заҳмати мутахассиси баландихтисоси хизмати оҷиливу таҳлилии созмонҳои амниятро тақозо мекард. Ин вазифа бо сарбаландӣ иҷро гардид. Шаҳодат бар ин баҳои баланди роҳбарони вакилони ҳукуматӣ дар идомаи раванди гуфтугӯ ва баҳсу мунозираҳост.
Вақте капитани рус мегирист…
Соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон ба Кобул парвоз кард. Дар ин сафар ӯро Зуҳуров ҳамроҳӣ намуд. Ин аввалин вохӯрии Сарвари давлати тоҷикон бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Ҳангоми мулоқот сухан аз бозгардонии муҳоҷирони тоҷик ба Ватан рафт. Аҳмадшоҳ дар рафти вохӯрӣ гуфт:«Ҳама имконот ва ғайриимконотро барои бастани сулҳ истифода баред, вагарна ҷанги партизании тӯлонии шаҳрвандӣ шуморо интизор аст». Аҳмадшоҳ аз неруи харобиовари ҷанг сухан ронда, комбинати хонасозии шаҳри Кобулро мисол овард, ки иморати он солҳо давом кард ва барои харобу валангор гардониданаш қариб 20 кг моддаи тарканда истифода шуд. Акнун, ҳоло баҳри аз нав бунёд кардани он маблағҳои бузург зарур аст. Бедор кардани эҳсосот ва таваҷҷуҳи Аҳмадшоҳ нисбати сулҳу пойдору осудагии мардуми сарзамини Тоҷикистон аз пешомади бузурги давлати тоҷикон башорат дод. Ҳангоми бозгашт бо хоҳиши Сарвари давлати тозабунёди тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ва дахли бевоситаи Аҳмадшоҳ аз Бадахшони Афғонистон 4 хизматчии ҳарбии хизмати ҳатмӣ ва 1 нафар капитани сарҳади Россия, ки асири қумандонҳои саҳроии музофоти Бадахшони Давлатии Исломии Афғонистон буд, ба Кобул оварда шуданд. Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ҳамроҳи худ гирифт ва замоне самолёт аз дарёи Панҷ мегузашт, ба онҳо мужда дод, ки ба Тоҷикистон омаданд. Капитани рус аз шодӣ гиря кард.
Мулоқоти Хостдеҳ
Бо мақсади таъсир расондан ба роҳбарони мухолифини тоҷик аз муносибат ва равобити оҷилӣ бо роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла, Аҳмадшоҳи Масъуд, Бурҳониддин Рабонӣ, А.Дустум ва дигарон дақиқназарона истифода бурда мешуд. Далели равшани ин муддао мулоқоти моҳи декабри соли 1996-уми ҳукуматӣ ва мухолифин аст. Вохӯрӣ дар мавзеи Хостдеҳ бо иштироки роҳбарони Афғонистон ва миёнаравии Созмон Милали Муттаҳид ба дараҷаи олӣ баргузор гардид. Дар он роҷеъ ба қатъи амалиётҳои ҳарбӣ дар ноҳияҳои шарқии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳимтарин ҳуҷҷатҳо имзо шуданд. Ва ин барои гуфтугӯи минбаъда заминаи боэътимод фароҳам овард. Ба натиҷаи вохӯрӣ дар Хостдеҳ мавқеи намояндагони олимақоми Афғонистон ва ҳамчунин вохӯрии онҳо бо роҳбарони мухолифини муттаҳидаи тоҷик таъсири бузург расонд.
Агар иблис пирӯз мешуд…
Солҳои 90-ум мухолифати дохилии миёни тоҷикон батадриҷ интернатсионалӣ ва қувваҳои хориҷ аз кишвар ба он ҷалб мешуд. Зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоту созмонҳои бисёри тарафдорони қатъии моҷароҷӯиву ваҳшатангезӣ (террористӣ), гурӯҳҳо зери роҳбарӣ ва дастгирии хизмати махсус ё саҳеҳтараш, идораҳои махсуси ҷосусии як қатор давлатҳо фаъолият мекарданд. Афғонистони ҳамсоя он замон майдони терроризми байналхалқӣ буд. Тоҷикистон давлати мобайнӣ ва ё возеҳтар аз ин садди мавҷшикан байни мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шуд. Табиист, ки дар чунин шароит созмонҳои бехатарии Тоҷикистон, амсоли дигар мақомотҳои қудратии ҷумҳурӣ аз ҳама бештар ва дар навбати аввал ба тадбиру чорабиниҳое аҳамият медод, ки оҳанги сиёсиву ҳарбӣ доштанд. Мақсади асосии ҳама илоҷҷӯӣ ба фоидаи ҳар чӣ зудтар озод кардани Тоҷикистон аз қувваҳои моҷароҷӯ (экстремистӣ), неруҳои иблиси мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва қатъ кардани хунрезиву таъмини бехатарии мардум, ҳифзи иншоотҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқ буд.   Ва ин замоне буд, ки мутахассисон мисли парандаҳои муҳоҷир аз кор мерафтанд. Бахусус, солҳои 1990-1992. Вале дар сафҳои Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон миқдори ба ҳадди андоза кифояи мутахасисони кордону коршинос боқӣ мемонанд. Онҳо устухонбандӣ ё худ мояи асосии созмонҳои амнияти миллии мамлакат буданду соҳиби таҷрибаи бузург дар сохторҳои Кумитаи давлатиибехатарии СССР. Инсонҳое буданд, ки аз нигоҳи сипоҳӣ ва бо назардошти муҳити ҳарбиву сиёсӣ ва шароити оҷилӣ дар минтақа ва тамоми мамлакат маҷмааи тадбиру чорабиниҳои чекистонро ба амал мебароварданд.
Баргардонидани гурезаҳо
Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон баҳори соли 1993 барои аз музофотҳои шимолии Афғонистон овардани гурезаҳо иборат аз шахсиятҳои обрӯманд, ки асосан собиқ раисони колхозҳои минтақа буданд, намояндагон сафарбар шуданд. Ба онҳо муяссар шуд, ки аксарияти ҳамватанони худро баҳри бозгашт ба Ватан ҳамроҳи оилаҳояшон розӣ намоянд. Ин раванд ба осонӣ даст надод. Зеро дар хориҷи ҷумҳур гумоштагони созмонҳои моҷароҷӯ ва террористӣ байни тоҷикони бурунмарзӣ аз пашшаҳои Тоҷикистон фил месохтанд. Ва то ҷое аз дасташн меомад, аз дилҳои сиёҳашон ба забонҳое, ки аз дӯзах оташ мегирифт, суханони талх мерехтанд.
Агар иблис, ки миёни мардуми тоҷик даромад, сари цудрат меомад, мардуми тоыикро пароканда мекард. Шукр, ки ин тавр нашуд. Худованд сарнавишти миллати тоҷикро дигар хел рақам зад ва мо имрӯз соҳиби давлати осоишта ҳастем.
 Маълумотнома:
Генерал – лейтенант Саиданвар Камолов соли 1950 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон зода шуда, факултети ҳуқуқшиносии ДМТ-ро хатм кардааст. Соли 1975 фаъолияти худро дар низоми амнияти кишвар оғоз карда, дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта, ба ҳайси сардори Раёсати тафтишоти КГБ-и Тоҷикистони Шӯравӣ кор кардааст. Соли 1994 муовини вазири амният ва моҳи августи соли 1995 вазири амният таъин шуд. Соли 1997 корро ба ҳайси раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти ҷумҳурӣ оғоз карда, соли 2002 бознишаста шуд. 
«Дар ҳифзи марзу буми кишвар», «Граница», «Сангар», «Противостояние», «Тайна Пещеры Дракона», «Бозгашт», «Ситораи умед», «Гиреҳ дар гулӯ» китобҳои публитсистӣ, хотирот ва осори адабии Саиданвар Камолов аст, ки инъикосгари сарнавишти Тоҷикистон дар солҳои 70, 80, 90-и асри гузашта ва ду даҳаи қарни нав аст. Моҳи майи соли 2020 аз олам даргузашт.
Таҳияи О. НОЗИР

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.