расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Қулибоев рӯзҳои 4 ва 5 феврали соли 2024 аз Душанбе боздид кард

Асосӣ / Сиёсат

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Қулибоев рӯзҳои 4 ва 5 феврали соли 2024 аз Душанбе боздид кард

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Қулибоев рӯзҳои 4 ва 5 феврали соли 2024 аз Душанбе боздид кард. Бино ба иттилои расмӣ, Қулибоев дар ҷараёни ин сафар бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “масоили мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карда”, ҳамчунин бо раҳбари идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро барои солҳои 2024-2025 имзо кардааст. Гуфтанист, вазири хориҷаи Қирғизистон баъди муноқишаҳои хунини солҳои 2021 ва 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки садҳо куштаю захмӣ ба ҷо гузошт, бори аввал бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид кард.
Ҳамчунин рӯзи 5 феврали соли 2024 хабар омад, ки дар ҷараёни вохӯрии навбатии гурӯҳҳои топографӣ ва кории масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ, ки аз 30 январ то 5 феврали соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон доир шуд, гурӯҳҳои кории топографӣ боз 3,71 километр аз қитъаҳои баҳсӣ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа кардаанд. Дар бораи инки ин дафъа кадом қитъаҳои баҳсии марз мушаххас карда шуд, ҷонибҳо ягон тафсилот надодаанд.
Музокироти марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон баъди чандин соли рукуд тоза аз моҳи октябри соли 2023 якбора суръат гирифт ва дар се моҳи охир ду ҷониб тавонистанд алакай 191 километр қитъаҳои баҳсии марзро мушаххас кунанд. Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов моҳи декабр изҳор дошт, ки Бишкек ва Душанбе алакай дар баҳори соли 2024 музокироти марзиро ба поён хоҳанд расонд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.