расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АЗ ҒОЯТИ РАШК ДАСТУ ПОИ ҲАМСАРАШРО БАСТА, 34 КОРДАШ ЗАД...

Асосӣ / Ҷомеа

АЗ ҒОЯТИ РАШК ДАСТУ ПОИ ҲАМСАРАШРО БАСТА, 34 КОРДАШ ЗАД...

АЗ ҒОЯТИ РАШК ДАСТУ ПОИ ҲАМСАРАШРО БАСТА, 34 КОРДАШ ЗАД... 
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҳолати куштори ҳамсар бо бераҳмии махсус аз ҷониби шавҳари бадрашк хабар дод. Гуфта мешавад, марди 35-солаи сокини ноҳияи Данғара субҳи 12-уми январи соли 2024, тахминан соати 08:00, бо сабабҳои рашки оилавӣ ба хонаи ҳамсараш, зани 36-солаи сокини ноҳияи мазкур рафта, дасту пойҳояшро баста,  бо корди ошхонагӣ 34 маротиба ба узвҳои махсусан муҳими баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Тафсилоти дигари ин ҳодисаи фоҷиавӣ дастрас нест. Маълум нест, ки оё чӣ боиси чунин ғояти рашки шавҳар нисбат ба ҳамсараш шудааст. Худи гумонбаршаванда ваё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд.
ВКД гуфт, оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад. Ба сокини Данғара барои одамкушӣ бо бераҳмии махсус ҳамчун ҷазо то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.