Бонкҳо дигар барои харидани мошин қарз намедиҳанд


Бонкҳои Ӯзбекистон ҳафтаи гузашта бар пояи як дастури шифоҳии Бонки миллии ин кишвар додани қарзро барои харидани мошин қатъ карданд. Дар ин бора намояндаи «Асака бонк», ки барои харидории мошинҳои корхонаи муштараки мошинсозии Ӯзбекистону Амрико GM Uzbekistan қарз медод, хабар додааст.

Як манбаи наздик ба раҳбарияти GM Uzbekistan мегӯяд, ибтидои моҳи июл ширкат ҳамроҳ бо корхонаи мошинсозӣ дар шаҳри Асакаи Ӯзбекистон барномаи нави фурӯши мошинро бо қарз ба роҳ мондаанд. Ба гуфтаи ӯ, додани қарз барои харидории мошин бо фоизҳои паст ба аз саргирии кори GM Uzbekistan бештар кумак мекард.

«Раванди додани қарз танҳо 5 рӯз тӯл мекашид ва дар ин муҳлати кутоҳ шумори ками одамон метавонистанд бо қарз мошин харанд. Илова бар ин, чанд ҳазор одам дар навбат буданд. Вале ҳафтаи гузашта бонкҳои Ӯзбекистон баъди як дастури шифоҳии Бонки миллии кишвар додани қарзро барои харидани мошин қатъ карданд. Ин ба саноати мошини Ӯзбекистон зарбаи сахти молӣ шуд», — афзуд манбаъ.

Як шаҳрванди Ӯзбекистон мегӯяд, калиди мошинро баъди пардохти 25%-и арзишаш соҳиб шудааст ва боқиро бояд ҳар моҳ қисм-қисм пардохт кунад. «Қарзро бояд давоми се сол бипардозӣ. Фоизи солона 18% аст ва ман бояд ҳар моҳ онро қисм-қисм пардохт кунам», — афзуд ӯ.

Ба гуфтаи яке аз мансабдорони ӯзбек, ки дар бахши молия кор мекунад, феълан бонкҳои ин кишвар дар вазъияте қарор доранд, ки наметавонанд, аз рӯи сандуқи қарзӣ қарз диҳанд.

«Имрӯз додани қарз барои харидани мошин вазифаи аввалиндараҷаи давлат нест. Шояд баъди беҳтар шудани вазъи бонкҳо қарздиҳӣ дубора аз сар гирифта шавад», — изҳор дошт мансабдори ӯзбек.


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон