расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҷудо: Темур Раҳимов зинаи аввалро нигоҳ дошта, Сомон Маҳмадбеков босуръат боло ҷаҳид.

Асосӣ / Варзиш

Ҷудо: Темур Раҳимов зинаи аввалро нигоҳ дошта, Сомон Маҳмадбеков босуръат боло ҷаҳид.

Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) радабандии ҷаҳонии ҷудокоронро аз рӯи натиҷаҳои соли 2023 нашр кард ва миёни 50 нафар беҳтаринҳо 8 намояндаи Тоҷикистон низ ҳузур доранд. Шаш нафари онҳо айни замон дар рӯйхати варзишгароне қарор доранд, ки меъёри интихоб (квалификатсия)-и олимпиро иҷро кардаанд. Агар дар радабандии ҷаҳонӣ онҳо то 23 июни соли 2024 мавқеашонро аз даст надиҳанд,  ҳадди ақалл 5 нафари онҳо ба Бозиҳои олимпии 2024 дар Париж роҳ меёбанд.
Дар вазни то 66 кг Нуралӣ Эмомалӣ ва Обид Ҷебов дар рӯйхати олимпичиён қарор доранд, лекин тибқи қоидаҳо, танҳо 1 нафар аз онҳо дар бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад.
Темур Раҳимов имсол шумори имтиёзҳои худро то 6260 (соли гузашта 6024 буд) расонида, дар вазни зиёда аз 100 кг зинаи аввалро нигоҳ дошт. Аз варзишгари русиягӣ, ки дар зинаи 2-юм қарор дорад, ӯ 260 имтиёз зиёдтар дорад.
Дар вазни то 90 кг Комроншо Устопириён имсол каме мавқеашро аз даст дода, акнун зинаи 19-умро ишғол мекунад (соли гузашта дар ҷойи 15-ум буд).
Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг босуръат боло ҷаҳида, ба зинаи 6-ум дар радабандии ҷаҳон ва 10-ум дар радабандии олимпӣ қарор гирифт. Як сол пеш ӯ мақоми 49-умро ишғол мекард.
Пешравии Беҳрӯз Хоҷазода ҳам қобили зикр аст. Аз зинаи 47-уми соли гузашта ӯ ба ҷойи 15-ум дар ҷаҳон боло рафт.
Радабандии ҷаҳонӣ байни мардон то охири соли 2023:
60 кг
1. Рюдзю Нагаяма (Ҷопон) – 5780 имтиёз.
2. Франсиско Гарригос (Испания) – 5700.
3. Харим Ли (Кореяи Ҷанубӣ) – 5032.
…40. Меҳрзод Сӯфиев – 1147.
…47. Муҳаммадсолеҳ Қувватов – 995.
66 кг
1. Денис Виеру (Молдова) – 6580.
2. Ёндонпэрэнлэйн Басху (Муғулистон) – 5814.
3. Важа Маргвелашвили (Гурҷистон) – 4610.              
…21. Нуралӣ Эмомалӣ – 2678 (зинаи 16-ум дар радабандии олимпӣ)
…26. Обид Ҷебов – 2132 (зинаи 21-ум дар радабандии олимпӣ)
73 кг
1. Хедаят Хейдаров (Озарбойҷон) – 6638.
2. Соичи Хошимото (Ҷопон) – 5540.
3. Муродҷон Юлдошев (Ӯзбекистон) – 5503.
…15. Беҳрӯз Хоҷазода  - 3401 (зинаи 9-ум дар радабандии олимпӣ). 
81 кг
1. Маттиас Кассе (Белгия) – 7907.
2. Тато Григалашавили (Гурҷистон) – 7515.
3. Ҷун Хван Ли (Кореяи Ҷанубӣ) – 5540.                 
…6. Сомон Маҳмадбеков (Тоҷикистон) – 3875 (зинаи 10-ум дар радабандии олимпӣ). 
…37. Шодмон Ризоев– 1538.   
90 кг
1. Лука Майсурадзе (Гурҷистон) – 7101.
2. Лаша Бекаури (Гурҷистон) – 5500.
3. Сансиро Мурао (Ҷопон) – 5200.
…19. Комроншо Устопириён – 2955 (зинаи 17-ум дар радабандии олимпӣ). 
100 кг
1. Иля Суламанидзе (Гурҷистон) – 6898.
2. Зелим Котсоев (Озарбойҷон) – 6030.
3. Михаэл Коррел (Нидерланд) – 5424.
+100 кг
1. Темур Раҳимов (Тоҷикистон) – 6260 (зинаи 2-юм дар радабандии олимпӣ). 
2. Инал Тасоев (Русия) – 6000.
3. Алишер Юсупов (Ӯзбекистон) – 4970.

Меъёри интихоб барои Париж-2024 аз чӣ иборат аст?

Бино ба маълумоти Федератсияи байнулмилалии ҷудо, роҳхатҳо ба Париж-2024 тибқи радабандии ҷаҳонии ҷудо IJF аз рӯи натиҷаҳои давраи олимпии интихоб тақсим карда мешаванд. Яъне ҳамаи мусобиқаҳо дар доираи Силсилаи ҷаҳонӣ, ки аз 24 июни соли 2022 то 23 июни соли 2024 баргузор мешаванд, ба тақсими ниҳоии квотаҳо таъсир мерасонанд.
Теъдоди ниҳоии ҷудокорон аз як Кумити миллии олимпӣ, ки метавонанд ба Париж-2024 квота гиранд, 14 нафарро ташкил медиҳад (1 нафарӣ дар ҳар кадоме аз вазнҳо).

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.